«РОҲИ БЕҲТАРИ МУҚОБИЛА БО COVID-19 БАРОИ ТОҶИКИСТОН КАРАНТИНИ НАРМ АСТ». Чунин иброз дошт мудири Бемористони Ибни Сино дар суҳбат бо АМИТ «Ховар»

Май 5, 2020 11:54

ДУШАНБЕ, 05.05.2020/АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо  тамоми кишварҳои оламро қабл аз ҳама пандемияи коронавирус мушавваш сохтааст. Табибону донишмандон пайи дарёфти пешгирии ин бемории сироятӣ  мебошанд. Дар чанде аз кишварҳои Ғарб аз ВАО даъват мекунанд, ки хатари коронавирусро аз будаш бештар нишон надиҳанд, зеро оқибатҳое, ки пас аз маҳдудиятҳои фарогир ҳосил мешаванд, боз ҳам сангинтар хоҳанд буд.

Дар ин бора имрӯз мудири Бемористони байналмилалии Ибни Синои шаҳри Душанбе Абдухалил ХОЛИҚЗОДА дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Бекназари АБӮБАКР чунин изҳори назар намуд:

-Бемории COVID-19 дар охири соли гузашта дар Чин бори аввал ба қайд гирифт шуд. Ин беморӣ бемориест, ки бар асари сирояти вирус ба бадани инсон пайдо мешавад. Аломатҳои ин беморӣ тақрибан ба монанди зуком ҳастанд. Маризон аз ҳарорати баланди бадан, сулфаи хушк, дарди аъзои бадан нафастангӣ, ранҷ мебаранд. Ин вирус аз одам ба одам ба воситаи қатраҳои оби даҳону бинӣ сироят мекунад. Ҳамчунин расидан ба ашёе, ки мариз онро олуда кардааст метавонад,  сабаби сирояти ин вирус бишавад.

Роҳҳои пешгирии сирояти ин вирус борҳо гуфта шудаанд ва бисёр содаанд. Пеш аз ҳама одамоне, ки дар худ аломатҳои зукомро мебинанд,  бояд моск пӯшанд, то атроф ва фазоро олуда накунанд ва атрофиёнашонро аз сироят эмин нигоҳ доранд. Одамон дар хиёбону кӯчаҳо бояд фосила нигоҳ доранд,  ба ҳамдигар нарасанд. Дар ҳолати ба ашё ё чизе расидан бояд ҳатман дастони худро бо оби гарму собун бишӯянд. Кори нақлиёти мусофирбар дар шаҳрҳо бояд тарзе ба роҳ монда шавад, ки паҳншавии ин вирусро зиёд накунад.

Аз таҷрибаи кишварҳои дунё мо медонем, ки ду роҳи муқобила бо ин вирус пеш гирифта шудааст. Роҳи якум ин карантини шадид аст,ки дар натиҷаи он тамоми корхонаҳо аз кор мемонанд ва одамон дар хонаҳо “ҳабс”  (хонанишин. – Тавзеҳи АМИТ “Ховар”) карда мешаванд. Дар ин ҳол хароҷоти шаҳрвандон бояд аз буҷаи давлат пардохта карда шаванд, ки ин барои  ҷумҳурии мо қобили иҷро нест. Роҳи дуввум карантини нарм аст, ки одамон дар ин ҳол ба кори маъмулии худ идома медиҳанд ва музду маошашонро аз кори маъмулии худ пайдо мекунанд. Вале риоя кардани қоидаҳои беҳдоштӣ ва манъи маъракаҳои серодам имкон медиҳад, ки раванди мубтало шудан ба ин маризӣ таҳти контрол бошад.

Коршиносон бар ин ақидаанд, ки вақте инсон ин касалиро сиҳату саломат аз сар гузаронид, баданаш ба ин вирус муқовим мешавад, дигар ин вирус ба ӯ асар намекунад. То ҳол сирояти такрорӣ дар дунё ба қайд гирифта нашудааст. Албата ин вируси нав аст ва пурра омухта нашудааст. Вале назари коршиносони хориҷӣ бар ин аст, ки ин вирус ба он дараҷае, ки мардумро ба таҳаллука овардааст, хатарнок ва  кушанда нест.

85 дарсади маризон ин вирусро хеле сабук мегузаронанд. Аксари онҳо ҳатто хабардор намешаванд, ки ба он мубтало шудаанд. 10 дарсади дигари маризон нишонаҳои касалӣ пайдо мекунанд, вале онҳо ҳам ниёз ба бистарӣ дар бемористонҳо надоранд. Онҳо метавонанд ин табобатро бо гӯшанишинӣ дар хонаҳояшон бигиранд. Ҳамагӣ 5 дарсади маризон метавонанд ба оризаҳо дучор шаванд.

Яке аз оризаҳое, ки дар асари сирояти ин вирус пеш меояд, пневмония ном дорад, ки бо нафастангӣ дар инсон зоҳир мешавад. Оризаи дигаре, ки аз ин вирус метавонад пеш ояд, ин ихтилои лахтшавии хун аст. Аз ҳамин сабаб касоне, ки дорои касалиҳои дилу раг, қалб, фарбеҳӣ ҳастанд, ба гурӯҳи риск шомил мешаванд. Ҳамчунин одамоне, ки системаи эмалии заиф дорандва касалиҳои музмин доранд низ ба гурӯҳи риск (хатар) дохил мешаванд. Ин одамон пеш аз ҳама бояд саъй кунанд, ки ба ин вирус гирифтор нашаванд. Гӯшанишинӣ ихтиёр кунанд ва худро хуб нигоҳ доранд. Вале дар ҳолати гирифтор шудан ҳамин одамон дар бемристонҳо бистарӣ ва таҳти назорати пизишкон қарор бигиранд.

Тахтҳои бахшҳои эҳёи (реаниматсия) бемористонҳо маҳз барои ҳамин гурӯҳи маризон бояд омода бошанд. Ба назар чунин мерасад, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо такя ба тестҳое, ки  ҳассосияташон хеле поин буд,  аз фурсати вуруди ин вирус ба кишвари мо ғофил монд. Агар воқеъан диққати ин тестҳо поин бошад, мо бояд дигар ба аломатҳои болинӣ ва аксҳои томографияи компютерӣ такя кунем.

Бо ин чизҳое, ки гуфта гузаштам,  ба назари ман,  роҳи беҳтари муқобила бо ин вирус барои кишвари мо ин карантинаи нарм мебошад. Мардум бояд ба таҳалука наафтанд,  ба ваҳму ҳарос  дода нашаванд, бо оромӣ, бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ  ба кори маъмулии худ идома диҳанд. Ва дар ҳолати пайдо шудани аломатҳои ин беморӣ ба табиби оилавияшон занг зананд.

Дар кишвар шабакаи дармонгоҳҳои тибби оилавӣ вуҷуд дорад. Мутахассисони ин дармонгоҳҳои тибби оилавӣ бояд бо тамоми василаҳои ҳифозати шахсӣ ва дору таъмин гарданд. Ин мутахассисон бояд шабу рӯз бо тамоми шаҳрвандоне, ки ба онҳо вобаста ҳастанд,  бо   кор кунанд,  бо онҳо тарзи бархӯрд ба ин маризӣ, тарзи  хонанишинӣ ва гирифтани табобатро пайваста  ёд диҳанд ва мувозиб бошанд, ки маризоне, ки ба гурӯҳи риск дохил мешаванд,  дар ҳолати гирифтор шудан зери назорати қатъӣ бошанд ва ба бемористонҳо бистарӣ карда шаванд.

Инчунин ёрии таъҷилӣ тиббӣ ва мошинҳои ёрии таъҷилӣ бояд бо тамоми васоили лозима ва мутахассису доруҳо таъмин карда шаванд ва дар ҳолати бадҳол шудани маризони гурӯҳи риск онҳоро зуд ба бемористонҳо интиқол диҳанд.

Мутмаинам, ки агар мардум тавсияҳои мутахассисони беҳдоштиро риоя кунанд, дар атрофи кормандони дармонгоҳҳо ва намояндагони Ҳукумат сарҷамъ шаванд,  мо ин марҳаллаи бисёр ҳассосро бо талафоти камтарин убур хоҳем кард.

Май 5, 2020 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ