Шиносоии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи нашъунамои помидор дар замини наздиҳавлигии сокини маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар Баҳриддин Маҳмадраҳимов

Май 28, 2020 18:54

ДУШАНБЕ, 28.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 28 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо вазъи нашъунамои сабзавот дар замини наздиҳавлигии сокини маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар Баҳриддин Маҳмадраҳимов шинос шуданд.

Баҳриддин Маҳмадраҳимов дар назди ҳавлии хеш 0,15 гектар замини корам дорад ва дар ин масоҳат 7 гармхона, аз ҷумла 4 адад гармхонаи замонавӣ ташкил намудааст.

Дар 4 гармхонаи замонавӣ обёрӣ бо усули қатрагӣ ба роҳ монда шудааст ва ин таҷрибаи соли якум мебошад. Бо истифода аз чунин усул, аз рӯи дурнамо фоидаи хуб ба даст оварда мешавад.

Дар гармхонаҳо асосан ниҳоли ду навъи помидор, аз ҷумла дар 5 гармхона навъи “Замира F1” ва дар ду адади дигар навъи “Галина”, дар умум 7500 бех ниҳоли помидор шинонида шудааст.

Ин ду навъи помидор ба иқлими минтақа ва дар шароити гармхона мувофиқ мебошад. Баҳриддин Маҳмадраҳимов иброз медорад, ки дар сурати дуруст ба роҳ мондани парвариш имкон аст аз як бех ниҳоли помидори навъи “Замира F1” то 10 килограмм ва аз навъи “Галина” то 6 килограмм ҳосил ҷамъоварӣ карда шавад. Давраи нашъунамои “Замира F1” аз 95 то 100  ва “Галина” аз 85 то 90 рӯзро дар бар мегирад.

Ниҳоли помидор дар гармхонаҳои ин қитъаи замини наздиҳавлигӣ моҳи декабри соли гузашта шинонида шуда, аллакай қариб як моҳ аст ҳосили он ҷамъоварӣ мешавад.

То имрӯз аз гармхонаҳо 3,5 тонна ҳосил ҷамъоварӣ гардидааст ва аз рӯи нашъунамои ниҳолҳои помидор интизор меравад, ки зиёда аз 30 тонна ҳосил ба даст оварда шавад.

Фароҳам гардидани шароит барои зиндагии шоистаи сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рушду пешрафти соҳаи кишоварзӣ вобаста аст ва истифодаи ҳамаҷонибаи иқтидори мавҷудаи соҳа ҳатмӣ мебошад.

Дар самти истифодаи мақсадноки замин, аз ҷумла ба роҳ мондани кишту парвариши зироати кишоварзӣ дар заминҳои наздиҳавлигӣ ва аз он гирифтани се — чор ҳосил аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мегардад. Бо дарки ин масъала сокинони маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар раванди кишту парвариши зироатро дар қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ тақвият бахшида, дар таъмини бозори истеъмолии мамлакат бо сабзавоти тару тоза саҳми арзанда мегузоранд.

Дар маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар 52,4 гектар замини корами наздиҳавлигӣ мавҷуд аст ва сокинон асосан ба кишту парвариши сабзавоти барвақтӣ машғул мебошанд. Дар ин рӯзҳо ҳосили ҷамъоваришуда, аз ҷумла помидорро сокинон аз назди хонаи худ бо нархи аз 4 то 5 сомонӣ ба фурӯш мегузоранд. Ҳосили ҷамъоваришуда дар бозори шаҳрҳои Бохтар, Душанбе ва инчунин шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ҳатто дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пешниҳоди харидорон гардонида мешавад.

Ташкили гармхона ва ба даст овардани ҳосили фаровон дар замини наздиҳавлигӣ аз ҷониби сокини маҳаллаи Ғайрат Баҳриддин Маҳмадраҳимов нишонаи истифодаи самараноку оқилонаи замин мебошад. Зиндагии сокинон асосан аз ҳамин ҳисоб пеш меравад ва барои кишту парвариши зироат, инчунин ҷамъоварии ҳосил аҳли оила дар якҷоягӣ меҳнат мекунанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҷрибаи ин деҳқони асил ҷиҳати ташкили гармхона ва парвариши помидор дар замини наздиҳавлигӣ баҳои баланд дода, фаъолияти ӯро барои дигар сокинони кишвар намунаи ибрат ва қобили таҳсин хонаданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои арзанда ва истифодаи самараноку оқилонаи замин ба аҳли оилаи Баҳриддин Маҳмадраҳимов лавозимоти рӯзгор, аз қабили яхдон, телевизор ва дигар туҳфаҳои арзишманд тақдим намуданд.

Дар ҳамин ҷо аз ҷониби сокинони маҳаллаи Ғайрат намоишгоҳ ташкил гардида, дар он номгӯи зиёди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавоти барвақтӣ ва картошка ба маъраз гузошта шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаровонии маҳсулоти кишоварзиро дар намоишгоҳ марбут ба ҳисси масъулияти сокинон дар самти истифодаи мақсадноки замин ва меҳнати пайвастаи онҳо маънидод намуданд.

Май 28, 2020 18:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қонунҳо имзо гузоштанд
Барқияи изҳори тасаллии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳамедов
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Шветсия Анн Линдеро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
Анҷоми сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маликаи Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Елизаветаи II барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази нави хизматрасониро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд