ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ: Падари фарзандозор беҷазо намемонад
ДУШАНБЕ, 28.05.2020. /АМИТ Ховар/. Баъди тавассути алоқаи «Хабарнигори фаврӣ»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба милитсия дастрас гардидани наворҳо оид ба латукӯб ва азият шудани ду кӯдак аз ҷониби нафари шахсияташ номаълум, мақомоти милитсия бо мақсади пешгирӣ аз ин ҳолати номатлуб, ки воқеан дар хатар будани ҳаёту саломатии кӯдаконро инъикос мекард, корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида, шахсияти иҷрокунандаи ҳаракатҳои бераҳмона ва муаллифи наворро ошкор сохтанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ВКД ҶТ.
Ӯ шаҳрванд Иномзода Фирдавс Аббос, соли таваллудаш 1986, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, падари ду фарзанд аст, ки дар содир намудани ҷинояти дар моддаи 117 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда (азобу уқубат) гумонбар дониста мешавад.
Номбурда бо усули зӯроварӣ ва истифодаи олоти ҷароҳатрасонанда бо кӯдакони хурдсоли худ Илҳомҷони 7-сола ва Сумаяи 6-сола муносибати бераҳмона намуда, онҳоро мавриди лату кӯб қарор додааст. Дар ҳоле, ки баръало ноболиғу нотавон будани кӯдакон барои ӯ аён буд ва онҳо аз ҷиҳати моддӣ вобастагӣ доштанд.
Оид ба шахсияти гумонбаршуда Фирдавс Иномзода метавон гуфт, ки қаблан соли 2017 барои ба муомилот баровардани асъори қалбакӣ суд шудааст.
Пайдо шудани наворҳои изтиробангез дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ миёни ҷомеа нафрат ва нороҳатии шадид ба вуҷуд овард. Тавре милитсия муайян намуд, кӯдакон қурбонии муносибатҳои носолими оиладорӣ гаштаанд. Падару модари онҳо дар ҳолати номуросо зиндагӣ дошта, модар дар муҳоҷират қарор дорад. Гумонбаршуда Фирдавс Иномзода, тавре нишондод медиҳад, барои бекор кардани ақди никоҳ ин усули ҳассосу таъсиррасонандаро, ки ҷиноят аст, истифода кардааст. Ҳамзамон гумонбаршуда гирифтани маблағ аз ҳамсари муҳоҷири худро тасдиқ мекунад, ки гӯё барои тарбияи фарзандон истифода карда бошад.
Маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ҷараёни тафтиши пешакӣ ва мурофиаи судии ҳодисаи ҷиноятиро пайгирӣ менамояд.








Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад






