Ёдгор Файзов, Раиси ВМКБ: «Бо мақсади пешгирии бемории сироятӣ аз риояи баъзе расму суннатҳо муваққатан худдорӣ намудан зарур аст»

Май 13, 2020 11:11

ХОРУҒ, 13.05.2020 /АМИӢ «Ховар»/. Яке аз масъалаҳои нозукин ба хок супоридани шахсоне мебошад, ки бар асари бемории сироятии COVID-19 аз дунё реҳлат мекунанд. Бо мақсади ҳифзи саломатии хешу табор, ёру дӯстон то лаҳзаи омода гардидани манзили охират ҷасад дар беморхона мемонад ва танҳо бо тавсия ва ҳузури табибон он ба хок супорида мешавад. Бояд дар ин лаҳзаҳои душвору ҳассос бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии ин бемории сироятӣ аз риояи баъзе расму суннатҳои исломӣ ва аҷдодӣ муваққатан худдорӣ варзем. Ин матлабро Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов зимни ҷаласаи навбатии ситоди вилоятӣ доир ба пешгирӣ аз бемории сироятии COVID-19 баён дошт.

Раиси вилоят Ёдгор Файзов ба ҳамаи сокинони вилоят барои риояи маслиҳату тавсияи табибон изҳори сипос намуда, аз кулли сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ, соҳибкорону волонтёрон даъват кард, ки дар ин шабу рӯз дар канори табибон бошанд ва онҳоро ҳам аз ҷиҳати моддӣ ва ҳам маънавӣ дастгирӣ намоянд. Ҳарчанд ки аксарияти сокинони вилоят аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода мебаранду ба кӯча ҳам кам мебароянд, аммо  ҳанӯз ҳам шумораи зиёди одамон дар назди дарвозаи беморхонаи вилоятӣ ҷамъ шуда, мехоҳанд бо беморон аз наздик дидору гуфтугӯ намоянд. Бо ҳамин роҳ онҳо ҳам ҷони худ ва ҳам ҷони наздиконашонро дар хатар мегузоранд.

Дар ин шабу рӯз сокинони 17 маҳаллаи шаҳри Хоруғ беморхонаи вилоятиро бо навбат бо ғизои гарм таъмин мекунанд ва ниёз ба кумаки беруна нест. Катҳои хоб ҳанӯз басандаанд ва дар сурати зарурӣ беморхона бо катҳои иловагӣ таъмин мегардад. Ҳамчунин баъзе аз соҳибкорони саховатпеша барои қабул ва табобати беморон меҳмонхонаҳои хусусии худро пешниҳод карданд, ки ҳоло аз тарафи мутахассисони соҳа мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд.

Раиси вилоят ба масъулини Раёсати тандурустии вилоят супориш дод, ки ба ташхиси беморон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд ва аввал ба онҳое кумак расонанд, ки вазъи саломатиашон вазнин аст. Зеро мутобиқи таҳқиқи коршиносони соҳаи тиб, 85 фоизи сироятёфтагон дар шароити хона низ шифо меёбанд. Ҳамчунин ҳар сари чанд вақт аз ҳоли табибони шабакаи ёрии таъҷилӣ хабар гирифтан зарур аст. Зеро онҳо дар хати аввали мубориза бо ин бемории сироятӣ қарор доранд. Ба иттилои сардори Маркази ёрии таъҷилии вилоят, дар як рӯз то 85 занги телефонӣ ворид мешавад, аммо ин марказ ҳамагӣ 5 мошини ёрии таъҷилӣ дорад. Барои ҳалли ин масъала тадбирҳои мушаххас андешидан зарур аст.

Дар масъалаи таъмини доруворӣ ва маҳсулоти хӯрокворӣ то ба ҳол ягон камбудӣ вуҷуд надорад ва  ҳамарӯза аз пойтахти мамлакат интиқоли маҳсулот ба шаҳру ноҳияҳои вилоят идома дорад. Нархи орду сабзавот то ин дам муътадил нигоҳ дошта мешавад. Нархи 1 кг картошка 6 сомонӣ, пиёз 3 сомонӣ, сабзӣ 2,5 сомонӣ, шир 6 сомонӣ, гӯшт 44 сомонӣ, орд аз 225 то 260 сомонӣ аст. Ҳоло дар тамоми ноҳияҳои вилоят 452 тонна орд аз тарафи Агентии давлатии захираҳои моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон захира шуда,  дар худи анборхонаи ин агентӣ низ 130 тонна орд мавҷуд аст.

Дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят суратҳисоби махсус бо мақсади кумак ба беморону табибон кушода шуда, давоми ҳамагӣ чанд рӯз ба ин суратҳисоб 78 ҳазор сомонӣ ворид гардид.

Раиси вилоят аз кормандони воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ даъват намуд, ки ба сокинони вилоят маълумоти дақиқ пешниҳод кунанд ва ба ин восита аз паҳншавии ҳар гуна овозаҳои бардурӯғу ғаразомез ҷилавгирӣ намоянд.

Май 13, 2020 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Қаҳрамонони сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошанд»
10 АМАЛИ ЗАМИНАСОЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТ. Ба истиқболи 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФОЛАТИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Мулоҳизаҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин оғози парвозҳои мустақими мусофирбарӣ байни Душанбе ва Пекинро рӯйдоди муҳим номиданд
Ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад
Каролин Глейч: «Тоҷикистон сарзамине бо табиати нотакрор аст ва мебояд, ин зебоиро ба тамоми ҷаҳон нишон дод!»
Кирти Вардхан Сингҳ: «Ҳифзи пиряхҳо ҳамбастагӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва фаҳмиши муштараки илмиро талаб мекунад»
Кэтрин Рассел, директори иҷроияи ЮНИСЕФ: «Мо мехоҳем, ки садои кӯдакон ва ҷавонон дар сиёсати иқлимӣ шунида шавад»
Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»
Қоҳир Расулзода Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро натиҷагирӣ намуд
Шамс Аббосӣ: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пешбурди донишҳои экологӣ қадамҳои бузург мегузоранд»
Султон Ҷамшед: «ВАО-и Тоҷикистон дар инъикоси кори конфронси сатҳи баланд муваффақ буд»