680 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Россия ба Ватан баргардонида шуданд

Июнь 1, 2020 08:15

ДУШАНБЕ, 01.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо парвозҳои махсуси ширкати «Уральские авиалинии» 49 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тайи чанд моҳи охир дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ (МНМШХ)-и Россия қарор доштанд, 29 май аз Москва ба Душанбе баргардонида шуданд. Бо парвозҳои мазкур инчунин 13 ҷасади шаҳрвандони мамлакат ба Ватан оварда шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҳамин тариқ, аз 19 то 30 майи соли ҷорӣ дар ҳамоҳангӣ бо ҷониби Россия аз МНМШХ-и он кишвар ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ 680 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳуҷҷатҳои омодашудаи зарурӣ барои сафар доштанд, инчунин ҷасадҳои 58 ҳамватан баргардонида шуданд.

Вазорат корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҷиҳати иҷрои дастури Сарвари давлат оид ба татбиқи нақшаи тадриҷан ва марҳила ба марҳила баргардонидани шаҳрвандон, айни замон имконияти анҷом додани парвозҳои махсус (чартерӣ) ба/аз Федератсияи Россия ва дигар кишварҳо аз ҷониби ширкатҳои ҳавоии ватанӣ мавриди корбарӣ қарор дорад.

Ҳамзамон бояд таъкид кард, ки раванди бозгардонидани шаҳрвандон аз хориҷа ба Ватан ба фароҳам оварда шудани шароити зарурӣ, аз ҷумла омода будани ҷойҳои кофӣ барои карантин ё муроқибати тиббии онҳо дар Тоҷикистон вобаста хоҳад буд.

Июнь 1, 2020 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн