Шумораи одамони аз коронавирус сироятёфта дар ҷаҳон аз ҳашт миллион зиёд шуд
ДУШАНБЕ, 16.06.2020/АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати 16 июн шумораи сироятёфтагон аз коронавирус дар ҷаҳон аз 8 миллион нафар зиёд шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.
Мутобиқи маълумоти СУТ, то 16 июн шумораи сироятёфтагон ба 8 118 671 нафар расид, аз ҷумла 439 198 фавтиданд ва 4,216,319 нафар шифо ёфтанд.
Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дирӯз, 15 июн, дар Женева зимни брифинг директори генералии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Тедрос Адханом Гебрейесус иброз намуд, ки маълумот дар хусуси хуруҷи боз як навъи нави короновирус дар Пекин таҳқиқ мешавад. «Ҳафтаи гузашта Хитой дар мавриди манбаи сироятёбӣ аз COVID-19 дар Пекин иттилоъ пахш намуд ва ин дар ҳолест, ки қаблан, дар тӯли 50 рӯзи сипаришуда, ягон ҳолати сироятёбӣ сабт нашуда буд. Аллакай бештар аз 100 ҳолати сироятёбӣ тасдиқ шудааст». Сарвари СУТ зикр намуд, ки «пайдоиш ва тавсеаи хуруҷи ин беморӣ таҳқиқ мешавад».
Директори генералӣ «аз кишварҳое, ки тавонмандии худро дар пахши тавсеаи COVID-19» зоҳир намудаанд, даъват кард, ки бо дарназардошти эҳтимоли хуруҷи беморӣ ҳушёриро аз даст надиҳанд. Мавсуф инчунин ёдовар шуд, ки вақтҳои охир 75% ҳолатҳои сироятёбӣ ба 10 мамлакат, асосан кишвароҳои Америкаи Шимолӣ, Ҷанубӣ ва Осиёи Ҷанубӣ рост меоянд.
Тедрос Адханом Гебрейесус чунин мешуморад, ки сарфи назар аз пандемияи короновирус, ҷомеаи ҷаҳонӣ «набояд дигар масоили муҳимми тандурустӣ, аз ҷумла зукомро» аз мадди назар канор гузорад. Айни замон Нимкураи ҷанубӣ ба «мавсими зуком ворид мешавад» ва дар Нимкураи шимолӣ бошад омодагии худро ба фарорасии ин мавсим ба нақша мегиранд. Директори генералӣ зикр кард, ки дар шароити кунунӣ зуком бояд ҳамчун масъалаи афзалиятнок эътироф карда шавад. Сарвари СУТ огоҳ намуд, ки «Гардиши ҳамзамони COVID-19 ва зуком метавонад таъсири худро ба ниҳодҳои тандурустӣ, ки бидуни ин ҳам бори гаронро бар дӯш доранд, шадидтар намояд».
АКС: Anadolu Agency / Contributor / Getty Images








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






