COVID-19. Шабонарӯзи гузашта дар ҷаҳон беш аз 136 ҳазор ҳолати нави сироятёбӣ аз коронавирус ошкор гардид

Июнь 12, 2020 08:33

ДУШАНБЕ, 12.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаҳон шумораи беморони гирифтори коронавирус шабонарӯзи гузашта 136 757 нафар зиёд шуда, ба 7 596 987 нафар расид. Ҳамзамон, аз ин теъдод то имрӯз 3 миллиону 841 ҳазору 493 кас шифо ёфтаанд ва 423 ҳазору 844 тан вафот кардаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Шумораи зиёди сироятҳо дар ИМА ба қайд гирифта шуда, 2 089 701 нафарро ташкил медиҳад. Гузашта аз ин, 116 034 кас вафот  карда, 816 086 нафар беморони гирифтори COVID-19 шифо ёфтаанд.

Дар ҷои дуюм Бразилия қарор дорад, ки дар он 805 649 нафар сироят ёфта, 41 058 нафар вафот кардаанд ва 396 692 нафар табобат шудаанд.

Россия аз рӯи шумораи сироятёфтагони коронавирус дар ҷои сеюм буда, аз 502 436 нафар гирифторон 6 532 нафар вафот карданд ва 261 ҳазору 150 нафар сиҳат гардидаанд.

Шумораи мубталоёни COVID-19 дар Ҳиндустон ба 298 ҳазору 283 нафар, фавтидагон ба 8 ҳазору 501 кас ва шифоёфтагон ба 146 ҳазору 972 нафар расид.

Дар Британия 291 ҳазору 409 нафар гирифтори ин беморӣ шудаад. Аз рӯи теъдоди ҳолатҳои фавт Британия дар ҷои дуюм қарор дорад – 41 279 нафар.

Испания бо 289 ҳазору 787 сироятшуда дар ҷои шашум буда, дар он 27 ҳазору 136 нафар фавтидаанд.

Дар Италия 236 ҳазору 142 нафар аз бемории мазкур сироят ёфта, 34 167 каси онҳо вафот кардаанд ва 171 338 нафар бар он пирӯз шудаанд.

Дар Перу 214 788 нафар бемор шуда, 6 109 кас вафот кардаанд ва 102 429 нафар шифо ёфтаанд.

Дар Германия 186 795 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардида, аз онҳо 8 851 нафар фавтидаанд ва 171 200 бемор сиҳат гардидаанд.

Дар ҷойи даҳум Эрон қарор дошта, дар он 180 156 нафар ба коронавирус гирифтор шуда, 8 584        кас вафот кардаанд ва 142 663 бемор табобат шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки пандемия охири моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Вуҳани музофоти Ҳубейи Чин бо ошкор гардидани аввалин ҳолатҳои илтиҳоби шуши пайдоишаш номаълум оғоз ёфт.

31 декабри соли 2019 мақомоти Чин дар бораи ин беморӣ СУТ-ро огоҳ кард.

30 январ СУТ хуруҷи коронавируси навро ҳамчун як ҳолати фавқулодаи тандурустии ҷомеаи байналмилалӣ эътироф намуд.

11 феврали соли 2020 ин маризӣ бемории нави коронавирус (COVID-19) номида шуд.

11 марти соли 2020 СУТ эълом кард, ки ин беморӣ пандемия гардид.

Июнь 12, 2020 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст