Арабистони Саудӣ сафари ҳаҷро барои хориҷиён манъ намуд

Июнь 23, 2020 12:32

ДУШАНБЕ, 23.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Арабистони Саудӣ бо сабаби тавсеаи пандемияи шакли нави коронавирус, соли равон сафари зиёраткунандагони кишварҳои хориҷиро ба маконҳои муқаддаси Макка ва Мадина ҷиҳати адои фаризаи ҳаҷ манъ намуд.

Тавре ки АМИТ “Ховар” имрӯз хабар медиҳад, дар ин бора дар паёми Вазорати шоҳигарӣ оид ба умури ҳаҷ ва умра иблоғ шудааст.

Тибқи иттилои ин Вазорат, соли равон маросими ҳаҷ бо иштироки шумораи ками зиёраткунандагон аз дохили кишвар баргузор хоҳад шуд.Қаблан дар моҳи феврал мақомоти Арабистони Саудӣ қарори худро  дар бораи муваққатан манъ намудани вуруди зиёраткунандагон ба Макка ва Мадина ба сабаби эпидемияи COVID-19 эълон намуда буданд. Соли 2020 сафари Ҳаҷ дар охири моҳи июл баргузор мешавад. Ҳамасола дар ин маросим беш аз 3 миллион мусулмон, азҷумла  зиёда аз 2 миллион аз кишварҳои хориҷӣ иштирок менамоянд.

 

АКС: aa.com.tr

Июнь 23, 2020 12:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон