Арабистони Саудӣ сафари ҳаҷро барои хориҷиён манъ намуд
ДУШАНБЕ, 23.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Арабистони Саудӣ бо сабаби тавсеаи пандемияи шакли нави коронавирус, соли равон сафари зиёраткунандагони кишварҳои хориҷиро ба маконҳои муқаддаси Макка ва Мадина ҷиҳати адои фаризаи ҳаҷ манъ намуд.
Тавре ки АМИТ “Ховар” имрӯз хабар медиҳад, дар ин бора дар паёми Вазорати шоҳигарӣ оид ба умури ҳаҷ ва умра иблоғ шудааст.
Тибқи иттилои ин Вазорат, соли равон маросими ҳаҷ бо иштироки шумораи ками зиёраткунандагон аз дохили кишвар баргузор хоҳад шуд.Қаблан дар моҳи феврал мақомоти Арабистони Саудӣ қарори худро дар бораи муваққатан манъ намудани вуруди зиёраткунандагон ба Макка ва Мадина ба сабаби эпидемияи COVID-19 эълон намуда буданд. Соли 2020 сафари Ҳаҷ дар охири моҳи июл баргузор мешавад. Ҳамасола дар ин маросим беш аз 3 миллион мусулмон, азҷумла зиёда аз 2 миллион аз кишварҳои хориҷӣ иштирок менамоянд.
АКС: aa.com.tr








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






