«Асрори инсонӣ» — унвони китоби нави ашъори Ниҳонӣ

Июнь 5, 2020 12:30

ДУШАНБЕ, 05.06.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Нашриёти “Эр-Граф” китоби нави ашъори шоир Ниҳониро бо номи «Асрори  инсонӣ» ба нашр расонид.  Китоби  мазкур суруду  таронаҳои  тозаэҷоди  шоир  Ниҳониро  дар  бар гирифтааст, ки  ҳамзамон  ба  забони  чинӣ низ  тарҷума  гардидаанд. Дар ин бора аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Китоби мазкурро хонандагон  метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд. Китоб бо сарсухани узви   Иттифоқи  нависандагони  Тоҷикистон, шоири маъруф Хайрандеш чоп шуда, дар он, аз ҷумла омадааст:

Шоир  Ниҳонӣ  дар  арсаи  адабиёти  муосири  тоҷик  яке  аз адибонест,    ки  бо  нигоштаҳои  ватандӯстонаи  худ  ободӣ  ва  пешрафту шукуфоии  Тоҷикистони  соҳибистиқлолро   бо  ҷаззобияти  махсус  васф  мекунад.

Дар  ҳар  як  шеъраш  аз  ифтихори  ватандорӣ,  муқаддасоти  мамлакат, сулҳу осоиш,  дӯстӣ, инсонгарӣ,  тасвирӣ   манзараҳои   биҳиштосои  диёр, фарҳангу   тамаддуни  волои  шарқӣ, анъанаҳову  ҳунарҳои  мардумӣ   ва  меҳмоннавозию   самимияту  садоқати  мардуми  шариф  рӯҳбаландона  тасвирҳоеро  ба қалам  меорад, ки хонандаро  зимни  мутолиаи   ин шеърҳо   як ҳолати  фараҳбахш  ва  тавонмандӣ  фаро  мегиранд.

Дар эҷодиёти шоир  Ниҳонӣ  фаъолияти   пурсамари   созандагӣ  ва бунёдкоронаи  Асосгузори  сулҳу ваҳдати  миллӣ — Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии   Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  хеле  равшану  возеҳ  ба риштаи  назм  дароварда   шудааст. Шоир  дар  ашъораш  таърих,  фарҳанг  ва сиёсати  пешгирифтаи  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистонро   аз  даврони  соҳибистиқлол  гаштани мамлакат  то  имрӯз  вобаста  ба  ҳар  як  санаҳои  муҳими  сиёсӣ  сари вақт  ва  таъсирбахшу  нишонрас   ифода    кардааст.

 

Ду шеър аз ин маҷмӯа:

Зулфи  ёр

Он ёр, ки зулф шона мекард,
Ишора ба сӯйи хона мекард.
Гуфтам  биравем  сӯйи  бозор,
Шарм аз  ману  аз  замона  мекард.
Чун  ром  шудам  зи  бӯсаҳояш,
Пайғоми  фузун  равона  мекард.
Ғамгин   шудам  зи гуфтаҳояш,
Ин дам саду  як  баҳона  мекард.
Шаб  шод  гузашт аз бари  ман,
Он  туҳфаи  бас  шаҳона  мекард.
Ду  зулфи  каманди  ман  бидида,
Лаб  замзамаи тарона  мекард.
Чашмам   ба  ҷамолашу  диламро,
Тири  нигаҳаш  нишона  мекард.
Чил  кокули  мушки  ман  шумурда,
Гулбазми   маро  дугона  мекард.
Санҷида  миёни  маҳҷабинон,
З-он  байн  маро  ягона  мекард.
Сармаст  шуда  мушку  бўям,
Дурдонаи  ашк  дона  мекард.
Гуфтам  ба  муроди  дил  расидӣ,
Оташ зи дилаш  забона  мекард.

 

Илму амал

Илм   асту  амал   ба  зиндагонӣ  ҷавҳар,
Бо  илм  биёбем  басо  ганҷу  гуҳар.
Бе  илм  хирад  заифу   кас   нодон  аст.
Бо  илму  хирад  тавонгарӣ   осон  аст
То  қаъри  гили  сияҳ,  нигар, бишкофтанд,
Авҷи  Зуҳалу  даври  Замин  дарёфтанд.
Бо   илм   намонд  ба  ҷаҳон   сирри  ниҳон,
Пайдост  зи  донишу  хирад  рози   ҷаҳон.
Бо  илм  паси  парда  бидонанд,  ки  кист,
Маҷмӯаи  баҳру  даҳр  хонанд, ки  чист.
Бо  илм  ба  ҳафт  бурҷ  парвоз  кунанд,
Аз  нав  уламо  муъҷиза  оғоз  кунанд.
Во  гашта  ҳама  гиреҳи  мушкил  ба  ҳаёт,
Эъҷози  замин  кушода,  бахшида  наҷот.
Илму  дониш  далели  ақлу  хирад  аст,
Суду  самари  илму  амал  беадад  аст.

Июнь 5, 2020 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Озмоишгоҳи нави харитасозии радиатсионӣ ифтитоҳ гардид
Маърузаи олими тоҷик доир ба ҳифз ва рушди анъанаҳои миллии фарҳанг ва санъат дар ҷаҳон соҳиби ҷоизаи махсус гардид
Ҳайати мақомоти зиддикоррупсионии Узбекистон бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон, пиряхҳо ва иқлим ба нашр расид
Дар Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нав системаи гармидиҳӣ насб мегардад
Ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Имсол Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро 332 донишҷӯ хатм намуд
Банаворгирии филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон бо номи «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» оғоз ёфт
«ПЕШВО, ҲИЗБ, МИЛЛАТ». Бахшида ба 30-солагии таъсиси ҲХДТ андешаҳои шахсиятҳои шинохтаи дунё ба нашр расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ дар озмунҳои байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро гирифтанд
Дар муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи нав ба истифода дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ихтисоси «Омӯзгорони томактабӣ» таъсис медиҳад