«БАРОИ ДАРК КАРДАНИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ТАЪРИХИ НАВИНИ ХАЛҚИ ТОҶИКРО БОЯД ДОНИСТ». Андешаҳои Низорамоҳ Зарипова дар барномаи «Ҷаҳони андеша» аз Радиои «Ховар»
ДУШАНБЕ, 22.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ба имзо расид. Имсол аз ин санаи таърихӣ 23 сол сипарӣ гардид. Ёдовар шудан аз роҳҳои мушкили расидан ба ин санаи таърихӣ ва минбаъд дар амал татбиқ кардани нишондодҳои ин санади муҳими такдирсоз, мавзӯест ҷолиб ва ёдовар шудани он рӯзҳо, шунидани садои чеҳраҳои шинохтаи сиёсӣ ва ҷамъиятӣ дарсест барои насли ҷавон ва тамоми қишрҳои ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон.
Низорамоҳ Зарипова, яке аз сиёсатмадор, ходими давлатӣ, Арбоби шоистаи фарҳанг, собиқадори меҳнат, барои ба даст овардани Ваҳдати миллӣ дар баробари ҷавонмардон дар атрофи Асосгузори cулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, саҳми назаррас дорад. Ӯ донишу таҷриба ва умри гаронмояашро сарфи хидмати ин миллат ва ободониву пешрафти мамлакат намуд. Ҷасорат ва маҳорати кордонияш имрӯз низ бо як муҳаббату самимият ёд мешавад. Муносибату муошираташро барои бисёр занону роҳравони роҳи мушкилу дарози сиёсат дарси ибрат донистаанд. Низорамоҳ Зарипова имрӯз дар синни 97 – солагӣ, ҳамчун пири рӯзгордида болои сари фарзандон давлати пирӣ меронад.
«Агар якдигарфаҳмӣ намешуд ба ин рӯзҳои неку осоишта намерасидем. Барои дарк кардани Ваҳдати миллӣ таърихро бояд донист. Тасаввур ва ҳам пеши назар овардани он рӯзҳо ниҳоят мушкил аст. Пиёда, зери барфу борон ва аксар вақт гурусна ба деҳаҳо, ба назди мардум мерафтем. Дарди дили мардумро гӯш мекардему кӯшиш мекардем, ки ба андозаи тавоноӣ кӯмаки худро расонем. Ҳукумати он вақта ба мо бовар карда, моро ба шаҳру навоҳии мамлакат равон мекард, то мардумро ором созем», — мегӯяд собиқадори меҳнат, Низорамоҳ Зарипова.
Идомаи андешаҳои мавсуфро дар барномаи «Ҷаҳони андеша» имрӯз соатҳои 13:45, 16:45 ва 21:45 аз Радиои «Ховар» бишнавед. Барнома дар таҳияи муҳаррири барнома Моҳинави Наврӯз пешниҳоди шунавандагон мегардад.