Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз 25-уми июн барои марҳила ба марҳила баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Россия ва парвозҳои чартерӣ анҷом дода мешаванд

Июнь 19, 2020 11:33

ДУШАНБЕ, 19.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои хориҷӣ ба таваҷҷуҳи ҳамватанон мерасонад, ки тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 25-уми июни соли 2020 барои марҳила ба марҳила баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби ширкатҳои ватании «Тоҷик-Эйр» ва «Сомон-Эйр» ба самти шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Қазон, Новосибирск ва Екатеринбурги Федератсияи Россия ва аз ин шаҳрҳо ба Тоҷикистон парвозҳои чартерӣ анҷом дода мешаванд.

Бояд қайд кард, ки зимни иҷрои парвозҳо авлавият ба табақаҳои осебпазири шаҳрвандони Тоҷикистон, пеш аз ҳама беморон, занон бо кӯдакони хурдсол, пиронсолон, донишҷӯён, инчунин шахсоне, ки бинобар сафари хизматӣ дар Россия дармондаанд, дода мешавад.

Дар Сафорати Тоҷикистон дар Москва ва консулгариҳои генералии кишвар дар Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск ва Уфа комиссияҳои махсус таъсис дода шуда, вазифаи онҳо тартиб додани рӯйхатҳои шаҳрвандон хоҳад буд. Пас аз омода гардидани рӯйхатҳо шаҳрвандон оид ба харидорӣ намудани чиптаҳо хабардор карда мешаванд.

Бинобар ин аз шаҳрвандони кишвар эҳтиромона хоҳиш мегардад, то муроҷиатҳои худро ба суроғаи электронии charter-russia@mfa.tj бо дарҷи маълумоти тамос ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ ирсол намоянд.

Маълумот оид ба рӯзҳои парвозҳо ба маҳзи ҳамоҳанг гардидани мавзӯъ бо ҷониби Россия ва гирифтани иҷозати мақомоти авиатсионии он кишвар иловатан пешниҳод хоҳад шуд.

Июнь 19, 2020 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн