«БО ПЕШВОИ ВАҲДАТОФАРАМ ИФТИХОР МЕКУНАМ». Таҳти чунин шиор дар Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ. 25.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Боғи Ирам ҳамоиши ҷавонони фаъол таҳти унвони «Бо Пешвои ваҳдатофарам ифтихор мекунам» баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ҳамоиш раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат», Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, гирандагони стипендияи Президентӣ, шунавандагони курси доимамалкунандаи ташкилот, намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар, ҷавонони фаъол иштирок ва суханронӣ намуданд.
Абдулло Раҳмонзода зимни суханронии хеш иброз намуд, ки Ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолии кишвар буда, ин гавҳари шоистаи миллат бо талошҳои хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад, ки рисолати ҳимояи арзишҳои ваҳдатофарӣ ва талқини ваҳдатсозиро дар замири ҷавонон фароҳам меоварад.
«Мо насли ҷавони кишвар вазифадорем, ки дар пайравӣ аз сиёсати оқилонаи Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҳимояи арзишҳои миллию фарҳангӣ, осори пурғановати миллати тоҷик ва дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолии кишвар синаи хешро сипар намуда, якдилона бар зиддӣ ҳама гуна гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва манфиатхоҳ муборизаи беамон барем,» — зикр кард А. Раҳмонзода.
Дар ҳамоиш инчунин аз ҷониби корманди ташкилот Ҳасанҷон Ваҳобзода муроҷиатномаи ҷавонони фаъоли кишвар ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қироат карда шуд.
Ҳамзамон, раиси ташкилот маблағҳои гирандагони стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 – 2020, ки дар шаҳри Душанбе таҳсил менамоянд, супорид. Дар ин замина, ба хатмкунандагони курси «Пайравони Пешвои миллат» шаҳодатномаи хатм супорида шуд.
Дар фарҷоми ҳамоиш барномаи театркунонидашуда саршор аз Ваҳдату якдилӣ ва ягонагии мардуми сарбаланди Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд.








МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид






