COVID-19. Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон беш аз 7 миллион нафар гардид
ДУШАНБЕ, 08.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати 8 июн дар ҷаҳон шумораи гирифторони навъи нави коронавируси COVID-19 давоми шабонарӯзи гузашта 113 ҳазору 90 нафар зиёд шуда, ба 7 миллиону 86 ҳазору 741 нафар расид. Ҳамзамон аз ин теъдод то имрӯз 3 миллиону 460 ҳазору 171 кас шифо ёфтаанд ва 406 ҳазору 127 тан вафот кардаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).
Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (2 007 449 нафар), Бразилия (691 962), Россия (467 673), Испания (288 630), Британияи Кабир (286 194), Ҳиндустон (257 486), Италия (234 998), Перу (196 515), Германия (185 869) ва Эрон (171 789) дохил мешаванд.
Аз ҳама бештар беморон дар ИМА (761 708 нафар), Бразилия (302 084), Россия (226 731), Германия (169 100), Италия (165 837), Туркия (137 969), Эрон (134 349), Ҳиндустон (128 848), Чили (95 631) ва Чин (86 219) шифо ёфтаанд.
Ба қатори давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, ИМА (112 469 нафар), Британияи Кабир (40 542), Бразилия (37 312), Италия (33 899), Франсия (29 155), Испания (27 136), Мексика (13 699), Белгия (9 595), Германия (8 776) ва Эрон (8 281) шомил мебошанд.
11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда, имрӯз дар бораи беш аз 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






