COVID-19. Субҳи имрӯз гурӯҳи дуюми табибони Полша ва коршиносони СУТ ба Тоҷикистон ташриф оварданд
ДУШАНБЕ, 14.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз гурӯҳи дуюми табибони Полша ва коршиносони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ иборат аз 9 нафар ба Тоҷикистон ташриф оварданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ.
Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе меҳмононро намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол намуданд.
Ҳадафи ташрифи ин гурӯҳи мутахассисони соҳаи тиб ба Тоҷикистон табодули таҷриба бо табибони тоҷик ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории сироятии COVID-19 мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки шоми 6 июн гурӯҳи калони табибони Полша бо ҳамроҳии се нафар коршиносони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ба Тоҷикистон ташриф овард ва то имрӯз аз якчанд муассисаҳои тандурустии мамлакат дидан намуда, бо рафти фаъолияти онҳо шинос шуд. Дар доираи сафари худ онҳо аз манотиқи гуногуни Тоҷикистон дидан карда, тайи як моҳ дар беморхонаву муассисаҳои табобатии мамлакат бо табибони тоҷик табодули таҷриба менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан бо мақсади табодули таҷриба бо табибони тоҷик дар самти пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19 табибони варзидаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин низ ба Тоҷикистон омада буданд.








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






