Дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсияи намояндагони ВАО оғоз мегардад

Июнь 24, 2020 15:12

ДУШАНБЕ, 24.06.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Аз 25 то 30 июн дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсияи намояндагони воситаҳои ахбори омма (ВАО)-ро барои боздид аз марказҳои имтиҳонӣ ва инъикоси иттилоотии баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна олии касбӣ (ИМД) гузаронида мешавад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. 

Мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳузури намояндагони ВАО барои боздиди марказҳои имтиҳонӣ танҳо баъди гузаштан аз аккредитатсия иҷозат дода мешавад.

Намояндагони ВАО, ки хоҳиши боздид аз марказҳои имтиҳонӣ ва инъикоси иттилоотии раванди ИМД-ро доранд, бояд ба Марказ муроҷиат намоянд. Барои баррасии муроҷиат пешниҳоди маълумоти зерин лозим аст:

— номи пурра ва расмии ВАО; ҳудуди паҳншавии маҳсулоти ВАО; шакли нашри иттилоот; даврияти чопи ВАО; адади нашри ВАО; индекси почта ва нишонии редаксияи ВАО; рақами телефон ва факси сармуҳаррири ВАО, нишонии почтаи электронӣ;

— ному насаб (пурра)-и намояндаи ВАО, вазифаи ишғолнамудааш, рақами телефони корӣ ва факс, ки барои ба таври фаврӣ бо ӯ доимо дар тамос будан имконият медиҳад;

— номи пурра ва расмии ВАО журналисти хориҷӣ, давлат; шаҳодатномаи аккредитатсияи ВАО журналист дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазифаи ишғолнамудаи намояндаи ВАО, рақами телефони корӣ, мобилӣ ва почтаи электрониаш, ки барои ба таври фаврӣ бо ӯ доимо дар тамос будан имконият медиҳад.

Ҳамчунин телефонҳо барои тамос: 224 53 68, 224 53 66; 882 20 07 07 E-mail: office@ntc.tj фаъол мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки аз 1- ум то 7- уми июли соли равон дар 48 маркази имтиҳонӣ ИМД доир мегарданд. Марказҳои имтиҳонӣ дар заминаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 18 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ (Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Рашт, Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Бохтар, Кӯлоб, Восеъ, Данғара, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритус ва Хоруғ) ташкил карда гардидаст.

Июнь 24, 2020 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд