«БО САРВАРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ УҲДАИ РАСИДАН БА ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГӢ БАРОМАДЕМ». Чунин иброз дошт Парвиз Муҳаммадзода дар барномаи «Ҷаҳони андеша»-и Радиои «Ховар»
ДУШАНБЕ, 24.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Мутаассифона ҷанги шаҳрванди сатҳи тарақиёти кишвари азизамонро хеле коҳиш дод, аммо рӯҳи шикастнопазири миллати тоҷикро халалдор карда натавонист. Мо дар як муддати кӯтоҳ бо сарварии Пешвои миллат аз уҳдаи ҳадафҳои стратегии дар пеш ниҳодаамон дар умум баромада тавонистем. Яъне маълум аст, ки замони соҳибистиқлолӣ давраи гузаришу эҳё ва дигаргуниҳои нави ҷамъиятӣ мебошад, ки дар он таҳаввулоти нав ва заминаҳои созандагию бунёдкорӣ ба миён омадааст. Дар ин раванд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари сиёсӣ дар баробари эҳёи Ваҳдати миллӣ тамоми нишонаҳои давлатдорӣ, яъне рамзҳои сиёсиро аз нав барқарор намуда, ба давлатдории нави тоҷикон ҳусни тоза бахшиданд», — иброз медорад Парвиз МУҲАММАДЗОДА, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ин ва дигар андешаҳои мавсуфро дар барномаи «Ҷаҳони андеша»-и Радиои Ховар имрӯз соатҳои 11:45 (такроран 14:45 ва 18:45) дар таҳияи Шабнам ШОКИРЗОДА бишнавед.