Фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ ба беморхонаҳои минтақаи Кӯлоб лавозимоти тиббӣ кумак карданд

Июнь 17, 2020 09:16

ДУШАНБЕ, 17.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ — масъулони гурӯҳи «Кӯлоби ман» ба беморхонаҳои шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Фархор, Муъминобод, Ховалинг, Балҷувон, Темурмалик, Восеъ, Шамсиддин Шоҳин ва Маркази безараргардонии шаҳру минтақаи Кӯлоб лавозимоти тиббӣ кумак карданд.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ин  дуюмин иқдоми хайриявии фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ ба беморхонаҳои шаҳру минтақаи Кӯлоб буда, мақсад аз он  дастгирии табибон ва беморони гирифтори коронавируси нави COVID — 19 мебошад.

Лавозимоти тиббӣ аз 12 номгӯй: 225 адад либосҳои муҳофизатӣ,  216 адад респираторҳои махсуси тиббӣ, 225 адад айнакҳои тиббӣ, 52 қуттӣ дастпӯшакҳои тиббӣ, 1000 адад маҳлулҳои зиддивирусӣ (100 мл), 50 литр маҳлули спиртӣ (70 фоиза), 26 адад таҷҳизот барои безараргардонӣ,  50 адад мӯзаҳои махсуси тиббӣ, 1000 адад ниқобҳои тиббии бисёркарата, 75 кг моддаҳои безараргардонӣ  (хлор)  ва 12000 адад ниқобҳои тиббии яккарата иборат мебошад.

Маблағи умумии лавозимоти тиббӣ зиёда аз 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Июнь 17, 2020 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд