ФУТБОЛ. Бозиҳои даври аввали лигаи наврасони Тоҷикистон баргузор гардиданд
ДУШАНБЕ, 26.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо баргузории чор бозӣ Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон мусобиқа байни дастаҳои футболи наврасони то 18 соларо оғоз кард. Дар даври ифтитоҳӣ чемпиони амалкунандаи Лигаи мазкур дастаи футболи «Хатлон»-и Бохтар дар майдони худ аз дастаи «Ашт»-и Ашт бо ҳисоби калони 4 бар 0 мағлуб гашт. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Қобили зикр аст, ки дастаи наврасони «Равшан» дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб бар ҳамсолони худ аз «Регар-ТадАз»-и Турсунзода бо ҳисоби 3 бар 1 дастболо шуданд. Дар ин давр наврасони КМВА-и Душанбе низ дар майдони худ ба муваффақият ноил гаштанд. КМВА бо ҳисоби 3 бар 2 бар дастаи Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпӣ (ММВЗО)-и пойтахт дастболо шуданд. Инчунин, дар ин давр футболбозони навраси «Хуҷанд» ба дарвозаи дастаи МҶМОВ 3 голи беҷавоб заданд.
Мавриди зикр аст, ки даври навбатии мусобиқа рӯзи 30 июни соли равон баргузор мешавад. Ёдрас мешавем, ки дар марҳилаи аввали мусобиқа, ки аз ду қисм иборат аст, дастаҳо дар хонаи худ ва дар майдони ҳариф бо ҳам вомехӯранд. Баъдан, чор дастаи ҷойҳои аввали ҷадвали мусобиқа ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфта, боз ба тартиби болозикр дар ду қисм ба ҳам рақобат мекунанд.
Мусобиқаи қарамонӣ байни дастаҳои футболи наврасони то 18 солаи Тоҷикистон бо дастгирии Ассотсиатсияи футболи Ҷопон мегузарад.
Лигаи наврасони Тоҷикистон (U-18). Даври 1-ум 24 июни соли 2020
«Равшан» – «Регар-ТадАЗ» – 3:1
ММВЗО – КМВА ВМ ҶТ – 2:3
«Хатлон» – «Ашт» – 0:4
«Хуҷанд» – МҶМОВ – 3:0
Дар даври дуюм вомехӯранд:
30 июн (сешанбе)
«Ашт» – «Хуҷанд»
КМВА ВМ ҶТ – «Хатлон»
«Регар-ТадАЗ» – ММВЗО
«Орзу-2026» – «Равшан»
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






