«Гиряи абру хандаи навбаҳор». «Куллиёт»-и шоир Тулқин Хоҷа аз чоп баромад

Июнь 11, 2020 17:09

ДУШАНБЕ, 11.06.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Нашриёти «Адиб» ба тозагӣ «Куллиёт»-и  шоири зиндаёд Тӯлқин Хоҷаро  аз чоп баровард, ки фарогири мероси адабии рангину дилнавоз ва саршор аз ситоиши ёру диёр аз забони муаллиф мебошад, хабар медиҳад  АМИТ «Ховар».

«Куллиёт»-и шоирро барҳақ метавон номаи иршод номид, зеро ашъори ӯ хонандаро ба роҳи рост, ба накӯкорию зебопарастӣ, ватандӯстӣ ҳидоят мекунад. Ин китоб бо фарогирии мероси адабии рангину дилнавоз хонандаро ба шеваи олами пуршебу фароз ва доғи ҳиҷрону ҳасрату сӯзу гудоз, муҳаббату вафодорӣ ба ёру диёр, гиряи абру хандаи навбаҳор, ситоиши ҳамдиёрону соҳибдилони накӯкор ошно месозад.

Мутолиаи китоб дар дили ҳаводорони назми баланд эҳсоси меҳанпарастӣ ва худшиносии миллиро бедор месозад.

Масъули чоп шогирди муаллиф Асадулло Раҳмон ва мураттиб Сафар Амирхон мебошанд. Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб ба ин китоби хонданию мондагор охирсухани манзум навиштааст.

Хотиррасон мешавем, ки маҷмӯаи ашъори муаллими мактаби деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара Тӯлқин Хоҷа соли 2013 низ  бо кӯшишу эҳтимоми шогирдаш Асадулло Раҳмон дар нашриёти «Адиб» ба табъ расида буд, ки бозгӯи зиндагиномаи муаалиф аст. Дар навбати худ, зиндагиномаи шоир намунаи барҷаста ва гӯёи пайванди қавӣ ва ногусастании ду халқи бародар – тоҷику ӯзбек буда метавонад.

Тӯлқин Хоҷа фарзанди миллати ӯзбек буд, вале дар мактаби деҳа (мактаби №5-и ноҳияи Данғара)  аз забону адабиёти тоҷик дарс мегуфт ва шеърҳояшро низ ба забони тоҷикӣ иншо намудааст. Ва шеърҳои хуб навиштааст. Устоди  сухан Бозор Собир дар як суҳбат бо мо гуфта буд: «Шеърҳои Тӯлқин Хоҷа намунаи беҳтарини ашъори шоирони маҳаллии мост».

                                                                             Мансур СУРУШ,
                                                                            Тағойназари БАҚО,
                                                                                        АМИТ «Ховар»

Июнь 11, 2020 17:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад