ХАБАР БАРОИ МУЛОҲИЗА! Коршиносон сабаби ногаҳон авҷ гирифтани мавҷи дуюми COVID-19-ро дар Арабистони Саудӣ рухсати барвақт додан ба фаъолияти масҷидҳо арзёбӣ мекунанд

Июнь 16, 2020 19:31

ДУШАНБЕ, 16.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 1 июни соли 2020 дар Арабистони Саудӣ ҳолати карантинӣ, ки вобаста ба пешгирии паҳншавии коронавирус ҷорӣ гардида буд, сабук гардида, барои фаъолияти масҷидҳо расман иҷозат дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Аlarabia.net.

Аммо мувофиқи таҳлили мутахассисони соҳаи тандурустӣ, тасмими мазкур ба он оварда расонд, ки агар аз аввали мавсим то имрӯз дар ин кишвар 132 048 нафар сироят ёфта бошанд, баъд аз оғози фаъолияти масҷидҳо ва бекор кардани карантин 46 787 нафар ба ин беморӣ мубтало шудаанд, ки 35,4 фоизи шумораи умумии сироятёфтагонро ташкил медиҳанд. Танҳо дар шабонарӯзи охир 4507 нафар аз вируси нав сироят ёфтаанд.

Сабаби ногаҳон авҷ гирифтани мавҷи дуюми бемориро коршиносони соҳа чунин шарҳ медиҳанд, ки дар ин кишвар барои фаъолияти масҷидҳо хеле барвақт рухсат дода шудааст. Маҳз таҷаммуи одамон дар масҷидҳо боис гардидааст, ки ин беморӣ ногаҳон ва бо суръати тез паҳн шавад.

Июнь 16, 2020 19:31

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн