ХАБАРИ ФАВРӢ! Дар Тоҷикистон то имрӯз 4971 нафар бо ташхиси сирояти COVID-19 ошкор гардидаанд

Июнь 13, 2020 17:55

ДУШАНБЕ, 13.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. То соати 17:30 дақиқаи 13 июн  дар Тоҷикистон 4971 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19   ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 3288 (66,1%)   нафар шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 50 нафар фавтидаанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, то 13 июни соли равон дар мамлакат 661 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 130 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намудаистодаанд.

Дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

Июнь 13, 2020 17:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид
БА ҚАДРИ НЕЪМАТИ БЕБАҲО — ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БОЯД РАСИД. Андешаҳои Пешвои миллат дар ин хусус
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БУЗУРГТАРИН ВА МУҚАДДАСТАРИН НЕЪМАТ. Андешаҳои Пешвои миллат доир ба ин неъмати бебаҳо
ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН. Намунаи олию барҷастаи ҳамкории ду давлат ҳамгироӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай маҳсуб мешавад
ИЛМ ОМӮЗЕД, СОҲИБКАСБУ ЗАБОНДОН ШАВЕД! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати таҷлили Рӯзи дониш
ИСТИҚЛОЛИЯТ ТОҶИКИСТОНРО БО ҶАҲОН ВА ҶАҲОНРО БО ТОҶИКИСТОН ПАЙВАНДИ ҲАМЕШАГӢ БАХШИД. Андешаҳои Пешвои миллат доир ба ин неъмати бебаҳо
ИСТИҚЛОЛИЯТ ОЛИТАРИН ДАРАҶАИ БАХТУ САОДАТИ МИЛЛАТРО ТАЪМИН МЕНАМОЯД. Андешаҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин неъмати бебаҳо
Фаҳд Ҳамад Ал-Сулайтӣ: «Қатар ният дорад ҳамкориро бо Тоҷикистон дар бахшҳои гуногун вусъат диҳад»
Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 аз сомонаи АМИТ «Ховар» беш аз 4 миллион маротиба дидан кардаанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Қаҳрамонони сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошанд»
10 АМАЛИ ЗАМИНАСОЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТ. Ба истиқболи 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФОЛАТИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Мулоҳизаҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ