ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 5, 2026 10:16

ДУШАНБЕ, 05.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Ҳангоме ки пои инсон ба хоки муқаддаси кӯҳсори Тоҷикистон мерасад, гӯё руҳаш аз банди замон раҳо мешавад. Кӯҳҳо – ин сутунҳои осмон ҳамеша побарҷову ин шамъҳои абадсӯз – хомӯш нестанд.Онҳо бо забони хомӯшии худ сухан мегӯянд, бо сукути пурҳикматашон достонҳо нақл мекунанд. Сарвари давлат аз он меандешад, ки давоми ҳазорсолаҳо сипоҳиёни савораву пиёдаи Искандари Мақдунӣ, урдуи селосову офатбори Қутайба, сарбозони ваҳшитабиату хуношоми Чингиз ва даҳҳо сарлашкару соҳибсилоҳони чашмудилгурусна ва бадному насаб хоки муқаддаси сарзамини моро поймол намуда, аз худ харобӣ, дарёи хун, шаҳрҳои сӯхтаву валангор, китобхонаҳои хокистаршуда ба ёдгор мондаанд.

Дар хусуси он меандешад, ки тоҷикон дар сайри таърих, дар гирудор ва фоҷеаҳои хунини рӯзгор такя ба забону фарҳанги пурбору ҷавҳари маънавиёти воло намуда, умри ҷовидон ёфтаанд.

Дар оғӯши кӯҳҳо, дар миёни қуллаҳои сарбафалаки устувору побарҷо мурғи хаёл болу пар мекушояд.

Ӯ аз сарҳади имрӯзу фардо мегузарад, аз миёни асрҳо парвоз мекунад ва ба ҷое мерасад, ки таърих бо оташу хун, бо ашку умед навишта шудааст.

Ин ҷо замин нафас мекашад.

Ин ҷо сангҳо хотира доранд.

Ин ҷо бод на танҳо мевазад – ӯ нидои гузаштагонро ба мо мерасонад.

Агар дил дошта бошӣ, мешунавӣ: садои шамшерҳоро, фиғони қаҳрамонону дуои модаронро…

Дар чунин лаҳзаҳо, дар чунин баландӣ Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои миллат низ ба андешаи амиқ фурӯ меравад. Ӯ на танҳо ба роҳҳо, балки ба сарнавишти миллат менигарад. Ҳар қадами ӯ – гӯё як саҳифаи таърих аст, ҳар нигоҳи ӯ – гӯё як пурсиши абадист: мо аз куҷо омадаем ва ба куҷо меравем?

Қуллаҳо дар шуълаи офтоби саҳарӣ месӯзанд – арғувонӣ, тиллоӣ, зинда. Гӯё онҳо аз хуни поки қаҳрамонон ранг гирифтаанд. Гӯё ҳар қатраи хун ба нур табдил ёфтааст ва имрӯз бар фарози осмон медурахшад.

Дар ин нур, дар ин шукуҳ намоди гузашта падид меояд. Садои пои лашкарҳо ба гӯш мерасад. Ин – юриши Искандари Мақдунӣ аст. Ин – тӯфони ваҳшатбори Чингиз аст. Ин – оташи харобгари Қутайба ибни Муслим аст.

Онҳо омаданд – бо шамшер, бо рашку хашм, бо нафрат.

Онҳо сӯхтанд – шаҳрҳоро, китобҳоро, орзуҳоро.

Аммо натавонистанд як чизро нобуд созанд: руҳро.

Рӯҳи миллат – мисли кӯҳ – намешиканад.

Рӯҳи миллат – мисли Офтоб – пинҳон намемонад, медурахшад.

Дар ҳамин лаҳза, аз миёни нур симои Зардушт падид меояд – марде, ки оташро рамзи покӣ гардонд ва инсонро ба роҳи нур бурд.

Ӯ се калима гуфт, аммо он се калима як ҷаҳон маънӣ дошт:

Пиндори нек.

Гуфтори нек.

Кирдори нек.

Ва ин калимаҳо мисли ситораҳо бар осмони маънавияти миллат медурахшанд – на як аср, на як ҳазорсола, балки абадӣ.

Сипас, дар ин саҳнаи нур, садое аз ҳанҷараи таърих баланд мешавад.

Ин – овози Рӯдакӣ аст, ки бо каломи ширинаш дилҳоро бедор мекунад.

Ин – нафаси гарми Фирдавсӣ аст, ки миллатро аз нобудӣ наҷот медиҳад.

Ин – андешаи равшани Абӯалӣ ибни Сино аст, ки зулмотро ба нур бадал мекунад.

Инҳо шамшер надоштанд – аммо ҷаҳонро тасхир карданд.

Инҳо лашкар надоштанд – аммо абадиятро фатҳ намуданд.

Ва ногаҳон, мисли тулӯи Офтоб симои Исмоили Сомонӣ падид меояд.

Ӯ танҳо подшоҳ нест – ӯ ормон аст.

Ӯ давлат нест – ӯ руҳ аст.

Ӯ забонро зинда кард, миллатро муттаҳид сохт, ваҳдатро ба пояи давлат табдил дод.

Ӯ нишон дод, ки қудрати воқеӣ дар дил аст, дар адолат аст, дар муҳаббат аст.

Садои ӯ ҳанӯз ҳам аз фарози асрҳо ба гӯш мерасад:

«Ман бо шумо ҳастам… то абад!»

Дар посух, аз миёни кӯҳҳо, аз дили дарёҳо, аз умқи замин садоҳои дигар баланд мешаванд: Спитамен, Темурмалик, Абӯмуслим, Муқаннаъ, Темурмалик…

Онҳо мисли оташ аланга мезананд, мисли раъд садо медиҳанд:

– Ба набард!

– Ба озодӣ!

– То нафаси охирин!

Ҳатто дар рӯзҳои ториктарин – дар замони истилои Чингиз – вақте ки ҷаҳон ба хокистар табдил меёфт, як чиз зинда монд: сухан!

Сухан, ки дар оташ намесӯзад.

Сухан, ки шамшер намебурад.

Сухан, ки миллатро зинда нигоҳ медорад.

Имрӯз сухан ба роҳ табдил ёфтааст.

Ба пул табдил ёфтааст.

Ба пайванд табдил ёфтааст.

Ин – эҳёи Шоҳроҳи Абрешим аст.

Роҳе, ки на танҳо шаҳрҳоро, балки дилҳоро мепайвандад.

Роҳе, ки на танҳо кишварҳо, балки тамаддунҳоро ба ҳам меорад.

Имрӯз бо азму иродаи Эмомалӣ Раҳмон ин шоҳроҳ дубора зинда шудааст.

Ӯ гӯё бо даст набзи истиқлолро месанҷад – то бовар кунад, ки он зинда аст, пурқувват аст, ҷовидона аст.

Ӯ медонад: Тоҷикистон метавонад.

Ӯ бовар дорад: Тоҷикистон хоҳад тавонист.

Ва имрӯз қуллаҳо боз ҳам равшантар медурахшанд.

Онҳо на танҳо аз нури Офтоб,

балки аз нури умед…

аз нури ваҳдат…

аз нури сулҳ…

ТОҶИКИСТОН

СУЛҲ

ВАҲДАТ

Ва ин суханон танҳо овоз нестанд –

инҳо тапиши диланд.

Сулҳ – мисли Офтоб ҳар субҳ тулӯъ мекунад.

Ваҳдат – мисли кӯҳҳо ҷовидона меистад.

Ва Тоҷикистон – мисли дил – ҳамеша метапад.

Субҳ аз дер дамида буд, аммо нур ҳанӯз пурра ба замин фурӯ нарехта буд.

Қуллаҳо дар миёни рӯшноиву соя мисли посбонони хомӯш меистоданд.

Ӯ танҳо буд.

Қадам ба қадам аз пайроҳаи танг боло мерафт.

Нафаре ҳамроҳаш набуд, аммо эҳсос мекард, ки танҳо нест.

Гӯё касе аз паси ӯ менигарист. Гӯё замона худ ҳамсафараш буд.

Ин мард Эмомалӣ Раҳмон буд.

Аммо имрӯз ӯ на ҳамчун сарвар, балки ҳамчун инсон – бо ҳама саволҳо, бо ҳама нигарониҳо ба роҳ баромада буд.

Ӯ истод.

Ба қуллаҳо нигарист.

«Оё ман тавонистам?» – саволе дар дилаш садо дод.

«Оё ин роҳе, ки интихоб кардам, дуруст аст?»

Бод сахттар вазид.

Гӯё ҷавобе меовард.

Аммо ҷавоб ҳанӯз норавшан буд.

Ӯ чашмонашро баст.

Ва ногаҳон ҳама чиз тағйир ёфт.

Садои пои аспон.

Чанг.

Нидо.

Ӯ худро дар миёни саҳрое дид, ки лашкаре аз дур меомад.

– Манам Искандари Мақдунӣ!

Садое буд худхоҳона.

Қаҳрамон ба ӯ нигарист.

«Ин ҳам инсон аст… аммо бо орзуи тасхири ҷаҳон…»

Саҳна шикаст.

Оташ. Фиғон.

– Манам Чингиз!

Шамшерҳо дурахшиданд. Хун ҷорӣ шуд.

Қаҳрамон дилашро дошт.

«Чаро зиндагӣ ин қадар бераҳм аст?»

(Даруни ӯ чизе шикаст.) Ӯ такон хӯрд.

– Зеро инсон интихоб мекунад…

Садо ором буд.

Ӯ рӯ гардонд.

Дар рӯ ба рӯяш марде меистод – пурнур, ором.

– Ман Зардуштам.

– Пас роҳи дигар ҳаст? – пурсид ӯ.

– Ҳаст. Аммо душвор аст.

– Чӣ роҳест?

Се калима аз оташ дар ҳаво навишта шуданд:

Пиндори нек.

Гуфтори нек.

Кирдори нек.

Қаҳрамон ором шуд.

Аммо дар дил мегуфт:

«Оё имрӯз ҳам ин роҳ имконпазир аст?»

Садои мусиқӣ баланд шуд.

– Агар инсон ин фармударо фаромӯш накунад…

Ин дафъа Рӯдакӣ сухан мегуфт.

– Сухан метавонад ҷаҳонро тағйир диҳад.

– Аммо сухан кофист? – бо шубҳа пурсид қаҳрамон.

– Агар ба дил расад – ҳа.

Аз паси ӯ Фирдавсӣ пеш омад:

– Миллате, ки худро мешиносаду таърихашро фаромӯш намесозад, гум намешавад.

Ва Абӯалӣ ибни Сино илова кард:

– Ва миллате, ки меандешад – мағлуб намешавад.

Қаҳрамон сар фуруд овард.

Аммо дар дилаш боз як тарс буд:

«Агар мардум пароканда шаванд чӣ?»

Ногаҳон нур ҳама ҷоро фаро гирифт.

Аз миёни он симои пурҳашамате падид омад.

– Ман Исмоили Сомонӣ ҳастам.

Қаҳрамон эҳсос кард, ки пеши рӯи таърих истодааст.

– Ман низ дар ҳамин ҳолат будам, – гуфт Исмоил.

– Парокандагӣ… ноумедӣ…

– Ва чӣ кардед?

– Ваҳдат сохтaм.

– Чӣ гуна?

– Бо бовар. Пеш аз ҳама – ба худ.

Ин сухан мисли барқ ба дили ӯ зад.

Садои ҷанг дубора баланд шуд.

– Ба набард!

Спитамен. Темурмалик.

Онҳо меҷангиданд – на барои ғалаба, балки барои шаъну шараф.

Қаҳрамон чашмонашро пӯшид.

«Оё ман ҳам ба мисли онҳо устуворам?»

Сукут…

Дар ботини ӯ ду овоз мубориза мебурданд:

– «Ту бояд роҳро идома диҳӣ.»

– «Аммо агар хато кунӣ…»

– «Агар накунӣ – чӣ?»

Ӯ нафаси жарфе кашид.

Чашм кушод.

Боз ҳамон кӯҳҳо. Ҳамон субҳ.

Аммо дигар хел.

Ӯ дигар танҳо набуд.

Дар дилаш умедҳову дар гӯшаш садоҳо буданд.

Ӯ ба худ оҳиста гуфт:

– Роҳ осон нест… аммо дуруст аст.

Қадам ба пеш гузошт.

Ин дафъа бо бовар.

Дар поён роҳҳо кушода мешуданд.

Пулҳо сохта мешуданд.

Ин – эҳёи Шоҳроҳи Абрешим буд.

Аммо муҳимтар аз роҳ – бовар буд.

Эмомалӣ Раҳмон ба қуллаҳо нигарист.

Акнун дар нигоҳаш савол набуд.

Ҷавоб буд.

Офтоб баромад.

Қуллаҳо мисли оина дурахшиданд.

Ва гӯё дар онҳо сабт шуда буд:

ТОҶИКИСТОН

СУЛҲ

ВАҲДАТ

Ва дар дили ӯ – оромӣ.

Оромӣ пас аз интихоби дуруст.

Роҳ идома дошт

Роҳе, ки аз сангҳои хомӯш ва хотираҳои гӯё иборат буд.

Ҳар қадам – гӯё бар рӯи таърих ниҳода мешуд.

Ҳар нафас – гӯё аз умқи асрҳо меомад.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин роҳ танҳо набуд, гарчанде атроф ором менамуд.

Садоҳо меомаданд.

Садои мардум. Садои таърих.

Садои ваҳдат!

Ӯ борҳо ба ин ҳол рӯ ба рӯ шуда буд.

Ҳар сафари ба гӯшаҳои дури Ватан барои ӯ танҳо сафар набуд – як гуфтугӯи ором бо миллат буд.

Ӯ мешитофт, то ба чашмони мардум нигарад, то дар сукуташон розҳои ниҳонро бихонад, то садои дилҳоро бишнавад – садое, ки на ҳамеша ба забон меояд.

Қуллаҳо дар пеш буданд – Бадахшон, Зарафшон, Ҳисор, Рашт, Хатлон…

Онҳо дар партави офтоби саҳар мисли алангаи оташ медурахшиданд.

Ӯ ба онҳо нигарист…

Ва ногаҳон эҳсос кард, ки ин нури одӣ нест.

«Ин нур аз куҷост?..» – пурсид ӯ дар дил.

Ва ҷавоб, гӯё аз худи кӯҳҳо омад:

– Аз андеша…

– Аз хуни пок…

– Аз ормон…

Чашмонаш гӯё дар рӯи қуллаҳо чизе мехонданд.

«Ин ҷо таърих аст…»

Дар зеҳнаш саҳнаҳо зинда шуданд.

Лашкарҳо… чанг… оташ…

Нидои Искандари Мақдунӣ, тӯфони ваҳшатбори Қутайба ибни Муслим, наъраи хунолуди Чингиз…

Онҳо омаданд.

Поймол карданд.

Сӯзонданд.

Шаҳрҳо ба хокистар табдил ёфтанд.

Китобхонаҳо ба дуд. Замину замон ба дарёи хун.

Ӯ нафаси вазнин кашид.

«Чӣ боқӣ монд?»

Саволи сахте буд.

Ва ҷавоб… дер накард.

– Забон.

– Фарҳанг.

– Руҳ.

Ӯ чашмонашро баст.

«Пас ҳамин моро нигоҳ дошт…»

Дар ҳамин лаҳза, дар хаёлаш симои пирамарде пайдо шуд.

Сар то по нур.

Дар даст – хома.

Ва ӯ дар фарози қуллаҳо менавишт…

Бо ҳарфҳои нур.

Зардушт.

Ӯ менавишт – на бар санг, балки бар замон:

Кирдори нек.

Гуфтори нек.

Пиндори нек.

Ин суханон мисли раъд ба дили ӯ заданд.

– Оё мо ҳанӯз ҳам инро дар хотир дорем?..

– бо худ пичиррос зад ӯ.

Зардушт гӯё ба ӯ нигарист.

– Агар фаромӯш кунед – гум мешавед.

– Ва агар нигоҳ дорем?

– Пас ҷовидон мемонед.

Сукути кӯҳҳо ҷавоби ӯро тасдиқ мекард.

Бод сахттар вазид.

Дар он гӯё садои дигаре омехта буд – аз қаъри асрҳо.

Садое, ки қисса мекард…

Дар зеҳни ӯ манзараи дигаре ҷилва кард: оташкада… китоб… тарсу ҳайрат…

Олампаноҳо…

– садое гӯё аз қаъри асрҳо, аз зери хокистари замон, бо ларзиши пинҳонии таърих ба гӯш мерасад.

– Мо аз оташкадае китоби бузурге пайдо кардем. Бигӯ, чӣ кунем бо вай?

Искандар, ки дар авҷи ғурури ғолибият меистод, сарашро андаке боло мебардорад.

Нигоҳаш сард, аммо пур аз шубҳа аст:

– Он чӣ китобест?

– Бо лавҳаҳои тиллоӣ, бо ҳарфҳои заррин бар дувоздаҳ ҳазор пӯсти гов сабт шудааст…

Лаҳзае сукут. Гӯё худи замон нафасашро боздошта бошад.

– Магар ин ҳамон «Авасто» нест, ки шуҳраташ оламро фаро гирифтааст?..

– Бале, олампаноҳам… ҳамон аст.

Дар чеҳраи Искандар сояе аз андеша медавад, вале зуд онро ғурур пахш мекунад.

– Китоби муқаддаси ориёнажодон…

– мегӯяд ӯ, бо оҳанги сард ва хашмолуда.

– Кишваре, ки мутеи ман хоҳад шуд, оё сазовори чунин ганҷи бузург аст?

Сипас бо садое, ки мисли теғи шамшер буранда аст, фармон медиҳад:

– Нусхаҳои «Авасто»-ро ба оташ кашед! Оташкадаҳоро бо хок яксон кунед!

Ва он рӯз, бори нахуст дар таърихи башар китобҳо мисли душманон сӯхтанд…

Оташ, ки бояд гармии ҳаёт мебахшид, ба хомӯшкунандаи хирад табдил ёфт.

Искандар ба алангаҳо менигарист – сокит, аммо дар умқи нигоҳаш нооромие пинҳон буд.

Ногоҳ аз гӯшае садои валвала баланд шуд.

Суруди суғдӣ, орому боифтихор ба фазо печид – суруде, ки на аз тарс, балки аз иродаи озод сар мезад.

– Чӣ мешавад он ҷо? – бо изтироб мепурсад ӯ.

– Сӣ нафар суғдиёни саркашро ба қатлгоҳ мебаранд. Онҳо… сурудхонон мераванд.

– Сурудхонон?!..

Ин калимот ба қалби Искандар чун тир заданд.

Ӯ ларзид.

Шояд бори аввал дарк кард: мардуме, ки ба истиқболи марг бо суруд мераванд, мағлубнопазиранд.

Ӯ хомӯш монд.

Танҳо баъд аз лаҳзае, гӯё худро тасаллӣ дода бошад, гуфт:

– Ман саду бист ҳазор суғдиро аз дами шамшер гузарондам… магар ба онҳо дарс нашуд?

Аммо худи савол ҷавобашро рад мекард.??

Фардо ҷанг идома меёбад.

Ва Искандар, ки ба неруи шамшер бовар дошт, фармон медиҳад:

– Ба сипоҳиён намоиши «Шоҳ Эдип»-ро пешкаш кунед… бигзор неруи тоза гиранд.

Аммо таърих бо тамасхур посух медиҳад…

Имрӯз, баъд аз ҳазорсолаҳо, авлоди ҳамон суғдиён – тоҷикон – метавонанд бипурсанд:

Оё ту медонистӣ, Искандар, ки рӯзе ҳамон «Шоҳ Эдип» бе фармони ту, бо забони тоҷикӣ, бо руҳи дигар дар саҳнаҳои мо зинда мешавад?

Оё ин пирӯзии ҳунар бар шамшер нест?

Зеро миллатро на теғ, балки андеша тасхир мекунад.

Қаҳрамон чашмонашро боз кард.

Боз кӯҳҳо. Боз субҳ.

Аммо акнун ӯ дигар буд.

Ӯ медонист:

на ҳар пирӯзӣ – ғалаба аст,

на ҳар мағлубият – шикаст.

Ӯ ба қуллаҳо нигарист.

Гӯё дар онҳо хуни Спитамен медурахшид.

Гӯё садояш ҳанӯз ҳам танин дошт:

– Ба набард! То нафаси охирин!

Қаҳрамон оҳиста гуфт:

– Мо фаромӯш намекунем…

Дар дилаш дигар шубҳа набуд.

Танҳо як эҳсос буд – масъулият.

Ва як роҳ – идома.

Ӯ қадам ба пеш гузошт.

Қуллаҳо хомӯш буданд…

Аммо акнун ӯ забони онҳоро мефаҳмид.

Эмомалӣ Раҳмон дар фарози кӯҳҳои нурбор ба уфуқ менигарад.

Қуллаҳо дар нури Офтоб медурахшанд – гӯё ҳар қатраи он нур, қатраи хуни гузаштагон бошад.

Ва дар хаёлаш, аз дили кӯҳсор, садое бармехезад – садои марде, ки номи ӯ мисли барқ дар таърих метобад:

– Манам Спитамен!

Садояш мисли раъд аст:

– Мо дар соҳилҳои Ому ва Зарафшон ба душман амон нахоҳем дод! Ба қиём! Ба набард!

Ва гӯё тамоми кӯҳу дара, тамоми рӯдҳо посух медиҳанд:

– Дуруд бар Спитамен! Ба ҷанг то нафаси охирин!

Оташи ҷанг аланга мегирад. Хун мерезад. Кӯҳҳо сурх мешаванд…

Аммо хиёнат – ҳамеша аз дарун меояд.

Спитамен ба дасти бегонагон меафтад. Сарашро аз тан ҷудо мекунанд…

Аммо номи ӯ зинда мемонад – чун оташе, ки ҳаргиз хомӯш намешавад.

Солҳо мегузаранд.

Давлатҳо мераванду меоянд.

Аммо замин – ҳамон аст. Руҳ – ҳамон.

Боз балое бармехезад.

Ин дафъа – аз биёбонҳо.

– Манам Қутайба! – садои даҳшатангез фазоро мешикофад.

– Ҳама чизро ба хун ғарқ кунед!

Ва боз теғҳо, боз оташ, боз гиряи кӯдакон…

Аммо ин дафъа ҳам хомӯшӣ нест.

Аз қаъри таърих садоҳо бармехезанд – мисли шамъҳое дар зулмот:

– Манам Абӯмуслим!

– Манам Сунбод!

– Манам Деваштич!

– Манам Муқаннаъ!

Ин садоҳо танҳо ном нестанд – инҳо нидои муқовиматанд.

Деваштич, бо ҷароҳатҳои хунчакон, худро ба саргаҳи Зарафшон мерасонад.

Аммо муҳосира танг мешавад…

Сарашро мебуранд.

Аммо оё метавон садоро бурид?

Номи ӯ мисли раъд дар осмони таърих боқӣ мемонад.

Ва Суғд – он машъали нур – гарчи дар оташ сӯхт, аммо хоки он ҳанӯз ҳам гарм аст.

Эмомалӣ Раҳмон ин садоҳоро мешунавад – на бо гӯш, балки бо дил.

Зеро таърих танҳо гузашта нест.

Он дар хуни мо, дар нафаси мо, дар руҳи мо идома дорад.

Пас аз садсолаҳои тӯлонии хорию зорӣ, пас аз гирдбоди қатлу кушторҳое, ки қариб ду қарн чун абри сиёҳ бар фарози сарзамини мо соя афканда буданд, ногаҳон дар уфуқи торик нуре падид омад.

Ин нур на танҳо равшанӣ, балки умед буд – умеде, ки аз дили таърих меомад.

Дар фарози Мовароуннаҳру Хуросон номе ба дурахшидан оғоз кард, номе, ки мисли Офтоб бар қалбҳо нур мерехт:

– Манам Исмоили Сомонӣ!

Ин садо аз умқи асрҳо бармехост, вале чунон зиндаву пурқувват буд, ки гӯё имрӯз танин меандохт:

– Ман дар зери чархи гардун умр дидаам, мубориза бурдаам, давлате бунёд кардаам, ки шуҳраташ баҳру барро фаро гирифта буд.

Барои адлу дод, барои ваҳдат, барои саодати мардум шамшер кашидаам ва ҷон фидо намудаам.

Ҳазор сол аст, ки руҳи ман ором надорад – ҳамеша дар набард аст…

Садояш пур аз ифтихор, аммо ҳамзамон пур аз дард аст:

– Маро фаромӯш карданд… таҳқир карданд… вале боз бархостам!

Боз бар тахти ифтихор нишастам!

Дуруд ба он миллате, ки маро эҳё кард!

Дуруд ба он давлате, ки маро дубора зинда гардонд!

Ва гӯё аз болои қуллаҳои собити таърих, бо тамоми шаҳоматаш меистад:

– Ман забону фарҳангеро бар тахт нишондаам, ки аз соҳилҳои Баҳри Миёназамин то баландиҳои Ҳиндукуш, аз Қафқоз то Халиҷи Форс доман густурдааст. Ман бо шумоям – то абад!

Имрӯз авлодони Исмоили Сомонӣ бо камоли ифтихору муҳаббат дида ба чеҳраи бовиқор ва пурифтихори ӯ дӯхта, аз забони шоир Лоиқ Шералӣ иброз медоранд:

Бонги ҷашни тоҷикон ояд ҳаме,

Ғулғули Сомониён ояд ҳаме.

Бар Душанбе – пойтахти тоҷикон,

Тахти бахти тоҷикон ояд ҳаме.

Эй Душанбе, дар канорат рӯи тахт,

Мири Сомон ҷовидон ояд ҳаме.

Аз миёни чанд қарни ашку хун,

Паҳлавону қаҳрамон ояд ҳаме.

Бо насими бӯи ҷӯи Мӯлиён,

Бар Ҳисори Шодмон ояд ҳаме.

Дар ин лаҳза дар андешаи Эмомалӣ Раҳмон манзара дигаргун мешавад.

Гӯё пардае аз рӯи замон бардошта шавад.

Пеши назараш ду чеҳраи бузург падид меоянд – ду чароғи маърифат: устод Айнӣ ва академик Бобоҷон Ғафуров.

Онҳо ором, вале пурмаъно суҳбат доранд.

– Бобоҷон, – мегӯяд устод Айнӣ бо нигоҳи андешаманд, – ҳар гоҳ қалам ба даст мегирам, пеши чашмонам симои Исмоили Сомонӣ падид меояд.

Ман мафтуни матонати ӯям…

Ғафуров бо табассуми гарм посух медиҳад:

– Устод, шумо имрӯз парчами ӯро дар даст доред. Андешаҳои шумо идомаи ҳамон роҳ аст…

Суханҳо оромона садо медиҳанд, аммо дар онҳо набзи таърих эҳсос мешавад.

– Агар Сомониён намебуданд… – идома медиҳад Айнӣ, – агар Исмоил зуҳур намекард… кӣ медонад, ки мо имрӯз бо кадом забон ҳарф мезадем?

Ин савол мисли санг ба об меафтад – ҳалқаҳои андеша паҳн мешаванд…

– Ман мехоҳам ҳақиқати таърихро собит созам, – мегӯяд Ғафуров. – То ҷаҳон бидонад, ки тоҷикон кистанд…

– Ростиро заволе нест, – посух медиҳад устод. – Ҳақиқат дер ё зуд рӯйи об мебарояд.

Саҳна боз дигар мешавад…

Дар лавҳи хаёли Эмомалӣ Раҳмон ҷавоне падид меояд – дар либоси дарвешӣ, аммо бо нигоҳи оташбор.

Ӯ дар назди оромгоҳи Исмоили Сомонӣ ба зону нишастааст.

– Эй ҷадди бузургворам… ба ман неру деҳ! – бо овози пурдард мегӯяд ӯ.

– Кистӣ?

– Гӯё аз қаъри таърих посух меояд.

– Мунтасирам… охирин авлоди ту… барои ҳифзи номат меҷангам…

Лаҳзае хомӯшӣ…

Сипас садои Исмоил, пур аз ҳайрат ва дард:

– Давлати ман… завол ёфтааст?..

– Хиёнат карданд… – мегӯяд ҷавон.

– Аз дарун…

Ин сухан ба мисли ханҷар ба дил мезанад.

– Во дареғо!.. – нидои Исмоил осмонро меларзонад.

– Магар барои ин ман он давлатро бунёд карда будам?!

Ва ногаҳон, бо шиддат ва бо руҳбаландӣ:

– Қабрро боз кунед! Ман бармехезам! Шамшерамро биёред!

Ин дигар танҳо сухан нест – ин исёни руҳ аст.

– Умедам ба туст, Мунтасир! Фурӯғи давлати ман хомӯш намешавад! Он ҷовидона аст!

Эмомалӣ Раҳмон ба андешаи амиқ фурӯ меравад.

Ӯ мекӯшад бифаҳмад: чӣ буд он қуввае, ки ҷавоне 24-соларо ба поягузори давлат табдил дод?

Чӣ буд он сирре, ки номи Исмоилро баъд аз ҳазор сол ҳам зинда нигоҳ дошт?

Ҷавоб тадриҷан дар дил равшан мешавад:

Он – руҳи худшиносӣ буд.

Имон ба миллат буд.

Неруи бахшишу адолат буд.

Исмоил на танҳо подшоҳ, балки офарандаи таърих буд.

Ва имрӯз, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, ин руҳ дубора зинда шуд.

Эмомалӣ Раҳмон- идомадиҳандаи он андеша, он ормон, он роҳ аст.

Зеро таърих танҳо гузаштаи дур нест –

он нурест, ки роҳи имрӯзро равшан мекунад…

Боз солҳо, чеҳраҳо ва ҳодисаҳо мисли абрҳои гузаранда дар осмони хотира якдигарро иваз мекунанд.

Дар лавҳи андешаҳои амиқи Эмомалӣ Раҳмон симое равшан падид меояд – ҷавонмарде дар либоси дарвешӣ, ки бо диле пур аз умед ва чашмоне лабрез аз ормон дар канори оромгоҳи Исмоили Сомонӣ ба зону нишастааст.

Фазо пур аз сукут аст, аммо ин сукут гӯё аз садои асрҳо лабрез мебошад.

– Эй ҷадди бузургворам, – мегӯяд ӯ бо овозе, ки аз умқи ҷон бармехезад, – ба ман неруи тоза ато кун, то бар душманон пирӯз гардам…

Аз қаъри хомӯшии асрҳо гӯё садое мехезад:

– Кистӣ ту, ки бо чунин ҷасорат маро мехонӣ?

– Ман Мунтасир ҳастам… охирин шуълаи хомӯшношудаи хонадони ту…

Ин гуфтугӯ на танҳо муколамаи ду шахсият, балки бархӯрди ду даврон аст – гузаштае пуршукуҳ ва имрӯзе пур аз имтиҳон.

Овози Мунтасир меларзад, аммо дар он иродаи шикастнопазир эҳсос мешавад.

Ӯ аз заволи давлат, аз хиёнатҳо, аз бегонагоне мегӯяд, ки бар тахти Сомониён нишастаанд.

Ногоҳ фазо тағйир меёбад.

Нидои Исмоили Сомонӣ мисли раъд танин меандозад:

– Магар мумкин аст он давлате, ки бо хуни дил бунёд ёфт, чунин ба осонӣ фурӯ резад?!

Фиғони ӯ гӯё деворҳои замону маконро мешиканад.

Ин дигар як гуфтугӯи одӣ нест – ин исёни таърих аст бар фаромӯшӣ.

Аммо рӯйдодҳо боз дигаргун мешаванд.

Аз дур садое мисли тӯфони саҳроӣ баланд мешавад:

– Манам Чингиз!

Ин нидо бо худ оташ, хун ва ваҳшат меорад.

Шаҳрҳо мисли шамъ об мешаванд, китобҳо ба коми оташ мераванд, ва фарҳанг – ин ганҷи нодири башар – зери пои аспҳо пахш мегардад.

Дар миёни ин ҳама харобӣ як лаҳзаи аҷиб рӯй медиҳад.

– Дар ин халта чӣ дорӣ? – мепурсад Чингиз.

– Ифтихори як миллат… Девони Рӯдакӣ.

Лаҳзае сукут.

Ва сипас фармоне, ки гӯё бар дили таърих ханҷар мезанад:

– Оташ занед!

Шуълаҳо забона мезананд, аммо оё метавон суханро сӯзонд? Оё метавон андешаро нобуд кард?

Дар миёни ин оташу хокистар ногаҳон панҷ соя бар зидди садҳо шамшер қомат рост мекунанд.

Инҳо мардони одӣ нестанд – инҳо рамзи руҳи шикастнопазири миллатанд.

Ва дар пешопеши онҳо симои Темурмалик мисли кӯҳи устувор падид меояд.

– Марг авлотар аз асорат аст! – садо медиҳад ӯ.

Ин нидо мисли оташ аз дил ба дил мегузарад.

Ин ҷо ҷанг танҳо барои замин нест – барои номус, барои ҳастӣ, барои бақои миллат аст.

Садои шамшерҳо хомӯш мешавад. Хок менишинад.

Аммо таърих хомӯш намешавад.

Забон мемонад.

Фарҳанг мемонад.

Онҳо мисли рӯди пинҳоне, ҳатто дар зери хоку хокистар роҳи худро меёбанд.

Ва имрӯз, вақте ки роҳҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол гузаштаву имрӯзро ба ҳам мепайванданд, ин ҳама гӯё як достони бузургро нақл мекунанд – достони миллате, ки ҳазор бор афтоду боз бархост.

Достони миллате, ки ҳаргиз шикаст нахӯрд!

Ҳар боре ки Эмомалӣ Раҳмон роҳҳои наву куҳнаи кишварро мепаймояд, дар пеши дидагонаш гӯё қомати таърих баланд мешавад – корвонҳои беохир, ки бо зангӯлаҳои оҳангинашон руҳи замонҳоро ба ҳаракат меоваранд, дар фазои хотира қатор-қатор ҷилвагар мегарданд.

Аз Бадахшону Хатлон то Хуҷанду Истаравшану Панҷакент, ки замоне дар чорсӯи Шоҳроҳи Абрешим қарор доштанд, садои зангӯлаҳо мисли набарди нур бо зулмот танин меандохт.

Бод гӯё худ қиссаи корвонҳоро такрор мекард ва кӯҳҳо ба гуфтугӯи онҳо гӯш медоданд.

Баъди ҳазорсолаҳо, гӯё он роҳ боз ба бедорӣ мерасад.

Бо ибтикори Эмомалӣ Раҳмон шоҳроҳҳо дубора ба ҳам мепайванданд – мисли шоҳрагҳои як ҷисми бузург, ки кишварро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо кишвар мепайванданд.

Ин танҳо роҳ нест. Ин идомаи нафаси таърих аст.

Роҳи ағбаи Анзоб, ки имрӯз аз муҳимтарин масирҳои ҳаётии кишвар шуморида мешавад, замоне дар сатҳи муҳокимаҳои баландтарини сиёсӣ низ садо дода буд.

Дар моҳи феврали соли 1947 дар Кремл Бобоҷон Ғафуров бо Иосиф Сталин дар бораи ояндаи Тоҷикистон суҳбат мекард.

– Мо мехоҳем аз Зарафшон то Душанбе роҳи оҳан бикашем, – мегӯяд ӯ ором, вале қатъӣ.

– Ин роҳ аҳамияти стратегӣ дорад…

Иосиф Сталин ба харита менигарад, сукут мекунад.

Он сукут мисли санг вазнин аст.

– Ҳоло имконият нест…

– мегӯяд ӯ.

– Аввал харобиҳои ҷангро барқарор мекунем.

Он суханҳо дар ҳаво мемонанд, вале дар замин роҳ дертар бо дастони худи таърих сохта мешавад.

Ва имрӯзи дигар.

Он ваъдаҳо, он сукутҳо, он таъхирҳо – ҳама дар масири нав шакли дигар мегиранд.

Зеро акнун роҳ аз иродаи қавии як давлат сарчашма мегирад.

Эмомалӣ Раҳмон гӯё ҳар қадамро ҳамчун гуфтугӯ бо замин мешиносад.

Ӯ ба ҳар кӯҳ, ҳар дара, ҳар санг гӯш медиҳад.

Гӯё онҳо ҳам таърих доранд, ҳам хотира.

Роҳҳо дар ин замон танҳо роҳ не– рамзи истиқлоланд

Ӯ итминон дорад: Тоҷикистон бо ҷаҳон ҳамқадам аст, на аз паси он, балки дар канори он, бо қадамҳои устувор ва ором қадам мезанад.

Кӯҳҳои баланд, ки ҳамеша хомӯшу сокитанд, имрӯз дигаргун менамоянд.

Дар рӯшноии Офтоб қуллаҳо гӯё забон мекушоянд.

Гӯё бар ситеғи онҳо се калима сабт шудааст:

«Тоҷикистон.

Сулҳ. Ваҳдат.»

Ин на навиштаҷот, балки нафаси нур аст.

Ҳаво худ ба худ оҳанги оромӣ мехонад.

Ва дар он оҳанг номи як кишвар мисли оҳанги абадӣ такрор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба он қуллаҳо менигарад – ва дар он баландӣ на танҳо кӯҳҳоро, балки роҳи як миллатро мебинад: роҳе, ки аз таърихи дур оғоз шуда, ба ояндаи равшан меравад.

Лаҳзаҳое ҳастанд, ки таърих нафасашро нигоҳ медорад.

Лаҳзаҳое, ки сухан кам мешавад… ва тақдир гап мезанад.

Он лаҳзаҳо бисёр нестанд.

Аммо вақте меоянд – миллатро месанҷанд.

Тоҷикистон чунин лаҳзаро дид.

Лаҳзаи шикаст…

Лаҳзаи оташ…

Лаҳзаи парокандагӣ…

Ҷанги шаҳрвандӣ.

Он танҳо ҷанг набуд.

Имтиҳони ҳастии як миллат буд.

Хонаҳо месӯхтанд.

Дилҳо мешикастанд.

Умед хомӯш мешуд.

Ва савол якто буд:

Оё Тоҷикистон мемонад?

Дар ҳамин торикӣ – як қадам садо дод.

Як инсон бархост.

На бо тарс…

балки бо масъулият.

На барои худ…

балки барои миллат.

Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ роҳи осонро интихоб накард.

Зеро роҳҳои осон миллатро наҷот намедиҳанд.

Ӯ роҳи душворро интихоб кард.

Роҳи воқеиро.

Сулҳ.

Ваҳдат.

Наҷот.

Он замон хомӯш мондан осон буд.

Аммо хомӯшӣ – маънои таслимро дошт.

Канор рафтан осон буд.

Аммо канор – маънои гум кардани давлат буд.

Тарсидан табиӣ буд.

Аммо тарс – маънои поёни таърих буд.

Ва ӯ тарсро рад кард.

Роҳбарӣ мансаб нест.

Роҳбарӣ имтиҳон аст.

Имтиҳони хираду виҷдон.

Имтиҳони ҷасорат.

Имтиҳони инсон будан.

Ва таърих як чизро собит кард:

дар лаҳзаи сахту тақдирсоз – на ҳама роҳбар мемонад.

Ӯ бо мардум буд.

На дур аз мардум.

На боло аз мардум.

Дар паҳлуи мардум.

Бо дарди мардум.

Бо умеди мардум.

Бо тақдири мардум.

Ва имрӯз…

Вақте ба Тоҷикистон менигарем –

оромиро мебинем.

Суботро мебинем.

Зиндагиро мебинем.

Аммо бояд донист:

Ин ҳама тасодуф нест.

Ин натиҷаи интихоб аст.

Ин натиҷаи ҷасорат аст.

Ин натиҷаи роҳбарист.

Ва дар ин роҳ – номи ӯ мондааст:

Эмомалӣ Раҳмон.

На танҳо ҳамчун сиёсатмадор…

балки ҳамчун рамз.

Рамзи он ки миллат метавонад аз нав таваллуд шавад.

Рамзи он ки сулҳ мумкин аст.

Рамзи он ки ваҳдат сохта мешавад.

Имрӯз мо шоҳиди ҳамин ҳақиқат ҳастем.

Ва бо бовар мегӯем:

Тоҷикистон бо чунин роҳбар – ояндаи равшан дорад.

Агар миллат роҳбари хирадманд дошта бошад –

он миллат гум намешавад.

Агар роҳбар бо мардум бошад –

он миллат шикаст намехӯрад.

Ва агар роҳбар барои миллат зиндагӣ кунад –

номаш на танҳо дар хотира…

балки дар таърих мемонад.

Ин қонун аст.

Қонуни таърих.

Қонуни давлатдорӣ.

Қонуни зиндагии миллатҳо.

Имрӯз мо шоҳиди ҳамин ҳақиқат ҳастем.

На дар китоб…

на дар сухан…

балки дар воқеият.

Дар оромии кишвар.

Дар суботи давлат.

Дар умеди мардум.

Ва ҳамин ҳақиқат моро ба ин хулосаи равшан мерасонад:

Тоҷикистон имрӯз танҳо гузашта надорад…

балки фардо дорад.

Фардое, ки ба субот такя мекунад.

Ба ваҳдат такя мекунад.

Ба хирад такя мекунад.

Ва дар охир, як ҳақиқат боқӣ мемонад:

миллатҳо бо қувваи худ намемонанд…

балки бо ваҳдати худ мемонанд.

Ва он миллате, ки ваҳдат дорад –

ҳеҷ гоҳ гум намешавад.

Қуллаҳои кӯҳсорони мо аз партави хуршеди тобон медурахшанд. Гӯё онҳо аз шарори дили Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми нурҷӯву ҳақиқатхоҳи мо, аз партави созандагиҳои диёр нурафшонанд.

Нурҳои ҳаётофарини Офтоб дар фарози қуллаҳо суханони «Тоҷикистон», «Сулҳ» ва «Ваҳдат»-ро бо ҳарфҳои зарин сабт менамоянду атрофро мунаввар мегардонанд ва навои руҳбахшу мутантан ба ҳар ҷониб паҳн мегардад:

Сулҳ чун хуршеди тобон ҳар саҳар,

Мешавад аз кишвари ман ҷилвагар.

Эмомалӣ Раҳмон бо қалби моломоли шодию ифтихор ба қуллаҳои пуранвор менигарад ва чунин мепиндорад, ки Тоҷикистони азизу муқаддас ҳамроҳ бо офтоби оламоро ба роҳи басе дур, ки онро бо ҳазорсолаҳои нав мепайвандад, равон аст.

Саидмурод ФАТТОҲЗОДА,
доктори илмҳои фалсафа

Май 5, 2026 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ кадом чорабиниҳо баргузор мешаванд?
Дар Ҷамоати шаҳраки Шарора корхонаҳои истеҳсоли хишт ва семент ба истифода дода мешаванд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ»-ро тасдиқ намуданд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тут барои организм фоидаовар буда, ҷигарро аз чарбҳои зиёдатӣ пок мекунад
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ИҚБОЛИ БАЛАНДИ ТОҶИКОН. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
АЗ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲӢ ТО СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ. Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
«НАМУНАИ АДАБИЁТИ ТОҶИК». Устод Айнӣ дар ин асар ориёӣ будани халқи тоҷикро собит намудааст
ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Тавассути он масъалаи об ба самти калидии рӯзномаи ҷаҳонӣ табдил гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли пудина барои партофтани вазни зиёдатӣ кумак мерасонад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҳисор 231 синфхона барои 5544 хонанда дар як баст бунёд карда мешавад
НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БЕНАЗИР АСТ. Ва ё вазифае муҳимтар аз нигаҳдорӣ ва таҳкими истиқлолияти Тоҷикистон нест
ВАССОФИ ВАТАН. Бахшида ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода маҳфили адабӣ баргузор мешавад