ХАБАРИ ФАВРӢ! Дар Тоҷикистон 62 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд

Июнь 15, 2020 19:16

ДУШАНБЕ, 15.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 62 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, дар муддати аз 30 апрел то соати 18:00 дақиқаи 15 июн дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 5097 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави CОVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 3503 (68,7%) нафар шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 50 нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки то 15 июни соли равон дар мамлакат 508 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 94 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намудаистодааст. Имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

Июнь 15, 2020 19:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Директори Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон: Зуком (грипп) бемории шадиди роҳҳои нафас буда, мо ҳоло дар мавсими дуюми он қарор дорем
Шабонарӯзи охир дар ҷаҳон зиёда аз 825 ҳазор ҳолати сирояти коронавирус ошкор шуд
COVID-19: Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта нашуд
Аз Чин ба Тоҷикистон 150 ҳазор воя ваксинаи «CoronaVac» ворид карда мешавад
СУТ реҷаи ҳолати фавқулодаро дар соҳаи тандурустии ҷаҳон бо сабаби COVID-19 се моҳ тамдид кард
Шабонарӯзи охир дар ҷаҳон зиёда аз 657 ҳазор ҳолати сирояти коронавирус ошкор шуд
COVID-19: Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта нашуд
Вирусологи маъруфи амрикоӣ Ораш Алоӣ ба усули муборизаи Ҳукумати Тоҷикистон бар зидди коронавирус баҳои баланд дод
Шабонарӯзи охир дар ҷаҳон зиёда аз 709 ҳазор ҳолати сирояти коронавирус ошкор шуд
COVID-19: Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта нашуд
COVID-19: Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта нашуд
Шабонарӯзи охир дар ҷаҳон зиёда аз 830 ҳазор ҳолати сирояти коронавирус ошкор шуд

Маводҳои таҳлилӣ