Хуросон: Омӯзгорон ба маъракаи сохтусози хонаҳои зарардидагони офати табиӣ пайвастанд

Июнь 11, 2020 09:14

ДУШАНБЕ, 11.06.2020 /АМИТ «ХОВАР»/.  Омӯзгорони мактабҳои ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ба номи «Садриддин Айнӣ», «Ҳилолӣ» ва «Қизилқалъа»-и ноҳияи Хуросон, инчунин устодони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон бо ташаббуси инсондӯстонаи худ ба кӯмаки зарардидагони офати табиӣ омада, дар сохтусози манзилҳои нави зист ба онҳо ҳамроҳ шудаанд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

— Имрӯзҳо, ки дар донишгоҳ таътил аст, мо-омӯзгорон тасмим гирифтем, ки ба маҳаллаи Чорбоғ омада, ба сокинони ин мавзеъ дар кори сохтмони манзилҳояшон дасти ёрӣ расонем, — зикр намуд Илҳомҷон Қодирӣ, декани факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав.

Нарзулло Шодиев, муовини раиси ҷамоати деҳоти Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон, иттилоъ дод, ки шумораи ихтиёриёне, ки ҳамарӯза дар маҳалли навбунёд ба ёрии мардум меоянд, зиёд аст. Имрӯз ҳам, ба қавли ӯ, дар маҷмӯъ беш аз ҳазор нафар кормандони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ барои кумак ҳозир шудаанд.

Н.Шодиев саҳми ҳамаи ихтиёриён, аз ҷумла устодону омӯзгоронро дар баробари дигар хайрхоҳон хеле муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ кард.

Ректорони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Сайфуддин Давлатзода ва Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Хайрулло Назарзода, қайд карданд, ки ҳамдастии омӯзгорони ин мактабҳои олӣ дар корҳои сохтмонӣ дар ноҳияи Хуросон то пурра ба анҷом расидани сохтусози манзилҳо идома хоҳад кард.

Июнь 11, 2020 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд