ХУШХАБАР! Ба ҳолати муқаррарии фаъолият баргаштани Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 4, 2020 16:55

ДУШАНБЕ, 04.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баъд аз  шифо ёфтан ва рухсат шудани шаҳрвандон корҳои безараргардонӣ доир шуда,  рӯзҳои наздик дар назар аст, ки муассиса  ба фаъолияти  муқаррарӣ баргардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат хабар доданд.

Тайи  рӯзҳои охир дар саросари ҷумҳурӣ  ба  фаъолияти муқаррарии корӣ баргардонидани қисме аз муассисаҳои тандурустӣ, ки  муддати муайян дар онҳо беморони гирифтори коронавируси нави COVID-19 табобат мегирифтанд, идома дорад.

Чанде қабл Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил» ва Маркази бемориҳои урологӣ, воқеъ дар Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Тоҷикистон «Шифобахш» ва бахши таваллудхонаи Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии «Истиқлол», ки ба муоинаву муолиҷаи гирифторони бемории коронавирус машғул буданд,  ба фаъолияти муқаррарии корӣ баргардонида шуданд.

Ҳоло  дар аксар минтақаҳои мамлакат, бахусус дар шаҳри Душанбе ҳолатҳои сироятёбии сокинон аз бемории  COVID-19 то андозае поён рафта, ҳамзамон муроҷиати шаҳрвандони мамлакат низ ба муассисаҳои тиббӣ бо нишонаҳои сироятёбӣ аз коронавирус кам шудааст.

Мутахассисони соҳаи тандурустӣ бар он назаранд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи авҷи сироятёбии сокинон ба бемории COVID-19 паси сар шудааст.

Июнь 4, 2020 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»