Корҳои фаҳмондадиҳӣ аз тарафи нозирони минтақавии милитсия ва дружиначиёни пойтахт

Июнь 1, 2020 10:01

ДУШАНБЕ, 01.06.2020. /АМИТ Ховар/.  Нозирони минтақавии милитсияи шаҳри Душанбе дар байни шаҳрвандон оид ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, масофаи иҷтимоӣ, истифодаи ниқоби муҳофизатии тиббӣ ва бемаврид ба кӯча набаромадан корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ҳолатҳои зиёди риоя нагардидани қоидаҳои аз ҷониби Ситоди ҷумҳуриявӣ муқарарраргардидаро ошкор намуданд. Дар ин бора аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри  Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, нозирони минтақавии милитсияи пойтахт дар тамоми минтақаҳои хизматии худ бо аҳолӣ ва сокинони маҳаллаҳову биноҳои баландошёна, боғу гулгашт, дӯкону мағозаҳои хӯроки умумӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати пешгирӣ аз сироятёбӣ ба бемории ҳамагири коронавируси нави КОВИД-19  корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд.

Зимни гузаронидани корҳои профилактикӣ мушоҳида гардид, ки дар баъзе боғу гулгашт ва маҳаллаҳои истиқоматӣ шаҳрвандон  одитарин қоидаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла масофаи иҷтимоиро риоя накарда, ҳамзамон аз ниқоби тиббӣ истифода намебаранд. Ин ҳама муқаррарот ва тавсияи мутахассисони соҳа танҳо барои эмин нигоҳ доштани саломатии шаҳрвандон нигаронида шудаанд. Аз ин лиҳоз ҳамагонро зарур аст, ки қоидаҳои тавсияшударо  ба таври қатъӣ риоя намоянд.

Имрӯз мақомоти милитсия бо фаъолияти шабонарӯзӣ барои  пешгирӣ ва ошкорнамоии ҷинояту ҷинояткорӣ талош карда, ҳамзамон ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, махсусан дар ин марҳилаи ҳассос, ки солимии ҷомеа дар миён аст, фаъолияти дучанд  менамояд. Нозирони минтақавии милитсия дар ҷараёни мулоқот бо шаҳрвандон иброз доштанд, ки дар ин марҳилаи басо муҳим ҳамагон бояд беш аз пеш аз тавсия ва маслиҳати мутахассисон кор гирифта, бетарафӣ ва бемасъулиятиро канор гузоранд, зеро саломатӣ неъмати бебаҳо буда, ҳифзи он аз ҳар нафар вобастагии калон дорад.

Дар ин марҳала саҳми фаъолони ҷомеа, махсусан раисони маҳаллаву дружиначиёни ихтиёрии милитсия, ки дар паҳлӯи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият мекунанд, бисёр назаррас мебошад.

Ҳамарӯза аз ҳисоби нозирони минтақавӣ ва дружиначиёни ихтиёрии милитсия дар тамоми боғу гулгаштҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҷойҳои ҷамъиятии шаҳри Душанбе гурӯҳҳои патрулӣ хизмат намуда, пеши роҳи амалу кирдорҳои номатлубро мегиранд. Ин аст, ки дар маконҳои ҷамъиятӣ, махсусан боғу гулгаштҳои пойтахт ҳолатҳои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, поймол кардани сабзазору гулгаштҳо ва хароб сохтани дигар таҷҳизоти ороишӣ кам ба назар мерасад, ки мусбат баҳогузорӣ мешавад.

Июнь 1, 2020 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокчиёни Фестивали ҷаҳонии ҷавонон: «Аз истиқболу меҳмоннавозии гарми тоҷикон сарамон ба фалак расид»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони 26 давлати дунё Фестивали ҷаҳонии ҷавонон оғоз гардид
Ташаббусҳои сулҳофаронаи Президенти Тоҷикистон дар таҳкими амнияти минтақавию ҷаҳонӣ ва робитаҳои дӯстии мардумони кишварҳо беназир мебошанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Италия дар самти ҳимояи ҳамаҷонибаи ҳуқуқҳои соҳибкорону сармоягузорон табодули таҷриба намуд
Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самти таъмини базилзилатобоварии биноҳо ва иншоот Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соҳаи сиёсати ҷавонон барномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Гурда яке аз муҳимтарин узви бадани одам ба шумор меравад
Дар Душанбе Шурои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ доир шуд
Ба киҳо барои ба рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда баромадан кафолат дода мешавад? Шарҳи коршиносон
Барои таҳкими субот дар минтақаҳои аз офатҳои табиӣ осебпазир Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хӯроки вазнин дар фасли баҳор боиси авҷи бемории гастрит мегардад
Дар Тоҷикистон 71 фоизи кормандони соҳаи тибро занон ташкил медиҳанд