МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ: Оғози семинарҳои омӯзишӣ барои кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ
ДУШАНБЕ, 11.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 8 июн бо мақсади омодагӣ ба ташкил ва баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 барои кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ: роҳбарон, ёварони роҳбарон, маъмурони калон, маъмурони имтиҳон ва бақайдгирандагон семинарҳои омӯзишӣ оғоз шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ семинарҳои омӯзишӣ то 18 июни соли равон дар 26 нуқта (муассисаи таълимӣ)-и 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ доир шуда, дар он 21 корманди Марказ ва 26 тренер (аз ҷумлаи кормандони муваққатии қаблан омӯзишдида) ҷалб карда шудаанд. Шунавандагони семинарҳои омӯзишӣ ба 105 гурӯҳ тақсим шуда, ба ҳар як гурӯҳ 2 рӯз машғулиятҳо гузаронида мешавад.
Пас аз анҷоми машғулиятҳо дар асоси талаботҳои муқарраршуда донишу маҳорати шунавандагон санҷида шуда, шахсони арзанда ба вазифаҳои муваққатии роҳбари маркази имтиҳонӣ, ёвари роҳбари маркази имтиҳонӣ, маъмури калони имтиҳон, маъмури имтиҳон ва бақайдгирандаи маркази имтиҳонӣ қабул карда мешаванд.
Тибқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 48 маркази имтиҳонӣ ташкил шуда, фаъолияти марказҳо аз 1-уми июли соли равон оғоз мегарданд.








Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид






