МОСКВА, МАЙДОНИ СУРХ, ПУТИН ГУЗАШТИ НИЗОМИРО ҚАБУЛ МЕКУНАД. Дар ин чорабинӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва инчунин сарони дигар давлатҳо иштирок менамоянд

Июнь 24, 2020 10:50

ДУШАНБЕ, 24.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Москва гузашти низомӣ ба муносибати 75-солагии Ғалаба бар фашизм баргузор мешавад. Гузашти Ғалабаро Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин қабул мекунад. Дар ин  чорабинии асосии идона дар Майдони Сурх Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки нимаи дуввуми рӯзи гузашта ба пойтахти Россия ташриф оварданд, ширкат мекунанд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Тавре қаблан хабар дода будем, ба сабаби хуруҷи пандемияи коронавирус, имсол Гузашти Ғалаба аз 9 май ба 24 июн гузаронида шуд — маҳз дар ҳамин рӯз  75 сол пеш, қувваҳои мусаллаҳ бори аввал аз Майдони Сурх ҳамчун ғолибони ҷанг алайҳи фашизми  гитлерӣ  гузашта буданд.

26 май президенти ФР Владимир Путин ба вазири мудофиа Сергей Шойгу дастур дода буд, ки барои рафъи тамоми хавфу хатарҳо ба саломатии иштирокчиёни гузашти низомӣ қатъиян чораандешӣ намояд.

Аллакай роҳбарони кишварҳои хориҷӣ  — президентҳои Тоҷикистон — Эмомалӣ Раҳмон, Ӯзбекистон — Шавкат Мирзиёев, Беларус — Александр Лукашенко, Қазоқистон – Касим Ҷомарт Тоқаев, Қирғизистон — Сооронбай Ҷеенбеков, Молдова — Игор Додон, Абхазия — Аслан Бзания, Осетияи Ҷанубӣ — Анатолий Бибилов, Сербия — Александр Вучич, узви Раёсати Босния ва Ҳерсеговина Милорад Додик ҷиҳати ширкат дар тантанаҳои бахшида ба 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ вориди Москва шудаанд.

Тавре котиби матбуоти Кремл Дмитрий Песков имрӯз изҳор намуд, дар гузашти низомӣ инчунин Раиси кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев, роҳбари КИАО Михаил Мясникович, дабири кулли СААД Станислав Зас низ ҳузур хоҳанд дошт.

Қаблан ВАО хабар дода буданд, ки сарвазири Арманистон Никол Пашинян, Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов, инчунин Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба сабаби маҳдудиятҳои  вобаста ба пандемияи коронавирус даъвати рафтан ба Москваро қабул накарданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» маълум гардид, пеш аз гузашти низомӣ Владимир Путин ба ифтихори 75-солагии Ғалаба дар ҶБВ ба шаҳрвандон муроҷиат хоҳад кард. Иштирокчиёни гузашти низомӣ ливоҳои фронтҳо ва 150 парчами ҳарбии артишҳо, дивизияҳо ва полкҳоро бо худ ҳамл хоҳанд дод. Ротаҳои таърихӣ бо аслиҳаи тирандозии солҳои ҷанг, зери садои маршҳои ҳарбӣ, ки дар ҳамин рӯз соли 1945 дар Майдони Сурх садо дода буданд, аз майдон убур хоҳанд кард. Ба дунболи онҳо воситаҳои техникӣ, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ истифода шуда буданд, аз майдон хоҳанд гузашт.

Дар маҷмӯъ, сохтори гузашти низомӣ шакли анъанавӣ хоҳад дошт: аввал қатораҳои низомиёни пиёдагард — ҳамагӣ 40 қатора аз майдон мегузаранд. Пас аз онҳо қаторҳои механиконидашуда — 234 адад техникаи муосир ва таърихӣ, инчунин 75 ҳавопаймо ва чархбол дар гузашти низомӣ иштирок хоҳанд кард.

Дар Гузашти Ғалаба дар Москва тақрибан 14 ҳазор хизматчии ҳарбӣ ширкат мекунанд, 75 тайёра ва чархбол дар фазои Майдони Сурх парвоз хоҳанд кард. Расми гузашти қатораҳои низомиёни пиёдагард ва таҷҳизоти техникӣ тақрибан якуним соат идома хоҳад ёфт. Аз майдон хизматчиёни низомӣ бо сару либоси таърихӣ, ливоҳои тамоми фронтҳо, инчунин  танкҳои машҳури Т-34 ва тӯпҳои худгарди СУ-100 убур мекунанд.

Дар Гузашти Ғалаба қатораҳои хизматчиёни ҳарбии 13 кишвар — Россия, Хитой, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Молдова, Муғулистон ва Сербия иштирок мекунанд.

Зери садои мусиқӣ аз Майдони Сурх қатораи низомиёни тоҷик иборат аз 75 нафар, ки аз  ҳисоби курсантҳои Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарбозон ва афсарони баталони қаровули фахрии  Ситоди умумии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст, таҳти сарварии подполковники милитсия Файзимуҳаммад Ҳафиззода тантанавор хоҳад гузашт.

Ба ифтихори 75-умин солгарди Ғалаба 24 июн дар 28 шаҳри Россия, аз ҷумла шаҳрҳои қаҳрамон ва дар шаҳрҳое, ки дар он ҷо ситодҳои округҳои ҳарбӣ, артишҳо, корпусҳои низомӣ, флотҳо ҷойгир шудаанд, гузаштҳо ташкил карда мешаванд, хабар медиҳад ТАСС. Дар бисёре аз шаҳрҳои дигар чорабиниҳои тантанавӣ дар сатҳҳои дигар, аз ҷумла роҳпаймоиҳо  баргузор мешаванд. Дар баъзе минтақаҳо бо сабаби вазъи эпидемиявӣ, ҳукуматдорон аз баргузории роҳпаймоиҳо имтиноъ варзидаанд ва ё  тасмим гирифтанд, ки гузаштҳоро бидуни тамошобинон гузаронанд.

Ёдовар мешавем, ки президентҳои Тоҷикистон ва Россия Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин  рӯзи 8 май зимни суҳбати телефонӣ ҳамдигарро ба муносибати 75-умин солгарди Ғалаба табрик намуда буданд.

«Сарони давлатҳо якдигарро ба муносибати 75-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ табрик ва иброз намуданд, ки барои Россия ва Тоҷикистон ин воқеъан як ҷашни бузурги муштарак мебошад. Дар ҳар ду кишвар хотираи онҳоеро, ки қаҳрамонона дар фронт меҷангиданд ва фидокорона дар ақибгоҳ заҳмат мекашиданд пос медоранд» – гуфта мешавад дар хабари Кремл.

Сарварони ду кишвар зикр намуданд, ки ин ғалаба аз баракати ваҳдат ва шуҷоати  тамоми халқҳои кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ба даст омадааст.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки «падарони мо дар муҳорибаҳо дар майдонҳои ҷанг шуҷоат ва мардонагии бемисл нишон доданд ва барои наслҳои оянда сулҳро таъмин намуданд. Қаҳрамонӣ, садоқат ва фидокории онҳо ҳамеша дар ёди мо хоҳад буд. Итминон дорам, ки Рӯзи Ғалаба минбаъд ҳам барои рушди устувори муносибатҳои Тоҷикистон ва Россия хизмат хоҳад кард».

***

Ҳамин тавр, то оғози тантанаҳо ба муносибати 75-солагии Ғалаба чанд соати башумор мондааст.

Хоҳишмандон метавонад гузашти низомии ба 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшидашударо тавассути телевизиони «Россия — 1» тамошо кунанд. Пахши мустақим имрӯз 24 июн соати 12:00 ба вақти Душанбе (соати 10:00 бо вақти Москва) оғоз меёбад. Шоми имрӯз тамошобинон консертро аз Қӯрғони Мамаев хоҳанд дид.

 

АКС аз бойгонӣ

Июнь 24, 2020 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода