МУФЛОНИ АВРУПОӢ ДАР КӮҲҲОИ ШАҲРИСТОН. Ба мавзеи Кимқули ноҳияи мазкур 23 сар ин навъи оҳу оварда шуд

Июнь 4, 2020 10:48

ДУШАНБЕ, 04.06.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади рушди хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳристон ба мавзеи Кимқули ноҳия 23 сар оҳуи навъи муфлони аврупоӣ оварда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Ҷонварони куҳӣ бо мусоидати Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ворид карда шуда, барои зиёд намудани саршумор ва парвариши оҳуҳо аз тарафи Хоҷагии ҷангали вилоят мамнуъгоҳ ташкил гардид.

Шаҳристон аз минтақаҳои хушбоду ҳавои вилоят маҳсуб ёфта, парваришу нигоҳубини оҳуҳо бо мақсади ҷалби сайёҳон ва рушди оҳупарварӣ ба роҳ монда шуд.

Раиси вилоят зимни боздид аз мавзеи Кимқули ноҳия ба масъулин ҷиҳати бештар намудани саршумори оҳу дар минтақаҳои кӯҳии Шаҳристон, Ашт, Панҷакент ва Истиқлол дастур дода, таъкид кард, ки афзоиши саршумори оҳу барои ҷалби сайёҳон метавонад мусоидат намояд.

Ба масъулин ҳамзамон бобати рушди қутоспарварӣ дар баландкӯҳҳои вилоят, ба роҳ мондани кишти картошка дар заминҳои ҳамвори хоҷагии ҷангал ва бунёди ҷангалзори нав супоришҳо дода шуд.

Июнь 4, 2020 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст
Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд