«Нақши Ваҳдати миллӣ дар ҷомеа ва адабиёти тоҷик»- андешаҳои Рустам Ваҳобзода дар барномаи «Адиб ва замон» аз радиои «Ховар»

Июнь 18, 2020 09:40

ДУШАНБЕ, 18.06.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Яке аз дастовардҳои бузурги  халқи тоҷик дар замони Истиқлолияти давлатӣ, расидан ба Ваҳдати миллӣ ва  ҳифзи якпорчагии кишвар аст. Маҳз ба василаи Ваҳдати миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонистааст имрӯз ба сифати яке аз кишварҳои осоиштаи ҷаҳон шинохта  шавад. Ҳангоме ки халқи тоҷик Истиқлолияти давлатиро ба даст овард, зарур буд як ваҳдати созгору  созандае ба миён ояд. Натиҷаи ҳамдигарфаҳмӣ ва баҳамоии миллати тоҷик буд, ки чунин ваҳдат ба даст омад. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар шахси худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпарвар аз он иборат аст, ки ваҳдати миллиро чун гавҳари бебаҳо ва дастоварди ниҳоят азиз ҳифз намояд.

Доир ба ҳамин мавзӯъ шоир, сармуҳаррири маҷаллаи «Садои шарқ» Рустам Ваҳобзода дар барномаи «Адиб ва замон»-и радиои «Ховар» изҳори андеша менамоянд.

Барномаи «Адиб ва замон»-ро имрӯз соати 10:30, (такроран 14:30, ва 21:30), инчунин рӯзҳои шанбе ва якшанбе соатҳои 10:30 (такрор 21:30) ва 07:30 аз радио «Ховар» бишнавед. Муҳаррир ва ровии барнома Шабнам Шокирзода.

Июнь 18, 2020 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ОБУ ИҚЛИМ. Баррасии мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» зарурати қабули ташаббуси навбатии Тоҷикистон баррасӣ мегардад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Баррасии аҳамияти ташаббуси панҷуми ҷаҳонии Тоҷикистон дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Нақши он дар ҳалли муаммоҳои экологӣ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Барномаи «Сарват» — и Радиои «Ховар» нақши онро дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо баррасӣ менамояд
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад
Барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» масъалаи тағйирёбии иқлимро аз нигоҳи Бюллетени Созмони ҷаҳонии метеорологӣ шарҳ медиҳад