Намояндагони соҳаи тандурустии Полша: «Фаъолияти табибони Бадахшон барои мо ҳам таҷрибаи калоне хоҳад буд»
ДУШАНБЕ, 15.06.2020. /АМИТ «ХОВАР»/. Намояндагони соҳаи тандурустии давлати Полша изҳор доштанд, ки тӯли чанд рӯз ба фаъолияти кормандони тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дидан намуда, бо кори онҳо шинос шуданд.
-Мо аз табибони ВМКБ чунин натиҷаро интизор набудем, онҳо дониши баланд доранд, нисбати фаъолияти худ хеле ҷиддӣ ҳастанд. Заҳмати имрӯзаи онҳо аз худ қаҳрамониро мемонад. Табибони вилоят кӯшиш намуданд, ки аз тамоми усулҳои табобати ҷаҳонӣ истифода намоянд ва сатҳи мубталошавӣ ва табобати бемориро ба як ҳолати муқаррарӣ баргардонданд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Табибони полшагӣ иброз доштанд, ки гурӯҳи онҳо ба давлатҳои Қирғизистон ва Италия сафар намуда буданд. Ҳангоми санҷиш маълум карда буданд, ки дар ин давлатҳо новобаста аз синну сол фавт хеле зиёд ба назар расида буд, аммо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси тааҷҷуб аст, ки фавти кӯдакону ҷавонон ба назар нарасид. Онҳое, ки фавтиданд бемориҳои дигари музмин низ доштанд. Бинобар ин фаъолияти табибони ВМКБ барои мо ҳам як таҷрибаи калоне хоҳад буд.
Мавриди зикр аст, ки намояндагони соҳаи тандурустии давлати Полшаро 13 июни соли ҷорӣ муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Ёдгор Файзов ба ҳузур пазируфт. Зимни вохӯрӣ масъалаи табобати беморони гирифтори бемории сироятии короновирус ё худ Сovid-19 дар вилоят мавриди таҳлил қарор дода шуд. Раиси вилоят қайд намуд, ки бо дастгирии табибони соҳибтаҷрибаи ҷумҳурӣ ва истифода аз методҳои давлатҳои ҷаҳонӣ Тоҷикистон бо тамоми кӯшишу ғайрати худ бар зидди ин бемории сироятӣ мубориза бурда истодааст. Хушбахтона, рӯзҳои охир сироятёбии сокинони вилоят ба ин беморӣ кам шуда истодааст. Дар ин чода пешниҳоду тавсияҳои табибони Полша барои кормандони соҳаи тандурустии Бадахшон муҳим буда, арзиши беандоза дорад, — баён дошт Ё.Файзов.








КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн






