ПАНДЕМИЯИ COVID-19. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар бораи тадбирҳои саривақтӣ ва созандаи Пешвои миллат баҳри ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ

Июнь 12, 2020 11:05

ДУШАНБЕ, 12.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи аввали хуруҷи пандемияи коронавируси COVID -19 дар ҷаҳон вобаста ба пешгирии паҳншавии ин вабо ва кам кардани таъсири манфии он ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар «Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии коронавируси COVID-19 дар ҷаҳон ба иқтисодиёти миллӣ»-ро   мавриди иҷро қарор додааст. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ хабар доданд.

Яке аз тадбирҳои муҳим дар доираи нақшаи чорабиниҳои  зикршуда  дастгирии соҳаҳои алоҳидаи иқтисоди миллӣ, соҳибкорон ва табақаҳои аҳолии осебпазир, инчунин таъминоти иҷтимоии онҳо ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият ва зиндагӣ дар кишвар мебошад. Вобаста ба ин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид, ки иқдоми саривақтӣ ва хирадмандонаи  Пешвои миллат ба ҳисоб меравад.

Бояд тазаккур дод, ки дар натиҷаи  бо сабаби хурӯҷи бемории сироятии СOVID-19   қатъ шудани мусофиркашонии байналмилалӣ ва  роҳандозии тадбирҳои  карантинӣ дар кишварҳо  корхонаҳои соҳаҳои сайёҳӣ, нақлиёти ҳавоию заминӣ, хизматрасонӣ, бахусус хизматрасонии меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо дар Тоҷикистон бештар зарар диданд ва даҳҳо ҳазор нафар кормандони соҳа ба рухсатӣ  фиристонда шуданд.

Бинобар аз фаъолият бозмондани корхонаҳои ин соҳаҳо ба иншоотҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, ташкилотҳои хӯроки умумӣ, марказҳои саломатию варзишӣ, осоишгоҳҳо, ҳамлу нақли мусофиркашонии байналмилалӣ ва аэронавигатсия таътили пардохтҳои андозӣ аз 1 апрел то 1 сентябри соли 2020 пешбинӣ карда мешаванд. Илова бар ин дар давраи қайдшуда аз ҷониби мақомоти ваколатдори соҳа ҳисобкунии фоизҳо барои саривақт пардохт нагардидани андозҳо аз тарафи ин корхонаҳо манъ карда мешавад.

Танҳо дар соҳаи сайёҳӣ тибқи маълумоти оморӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 майи соли 2020 215 ширкат ва 282 субъектҳои хизматрасон, аз қабили меҳмонхона, осоишгоҳ, истироҳатгоҳ, ҳостелҳо бо шумораи умумии 4648 корманд фаъолият мекарданд.

Ҳамзамон бо сабаби баста шудани марказҳои савдо, соҳаҳои хизматрасонӣ, бахусус хизматрасонии хӯроки умумӣ, шустушӯи нақлиёт, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда бекор ва қисми бештари онҳо бе сарчашмаи даромади иловагӣ монданд. Бо мақсади дастгирии ин гурӯҳи соҳибкорони инфиродӣ онҳо аз 1 май то 1 августи соли 2020 аз ҳисоб ва пардохти андозҳо озод карда мешаванд.

Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1-уми апрели соли 2020 дар кишвар 298,5 ҳазор соҳибкори инфиродии фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 105,9 ҳазор нафар тибқи патент  фаъолият мекунанд.  Ҳамзамон тибқи ҳамин маълумотҳо беш аз 30 фоизи соҳибкорони инфиродӣ дар соҳаи савдо ва хӯроки умумӣ фаъолият менамуданд. Бо мақсади дастгирии соҳибкорони хурду миёна, ки бо сабаби паҳншавии бемории сироятии СOVID-19 пурра аз фаъолият бозмондаанд, онҳо  аз пардохти маблағи иҷораи моликияти давлатӣ аз 1 май то 1 августи соли 2020 озод карда мешаванд.

Расонидани кӯмаки яквақта ба андозаи музди меҳнати ҳадди ақал ба оилаҳои бесаробонмондаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ иқдоми хайрхоҳонаи Роҳбари давлат мебошад.   Бо мақсади дастгирии иҷтимоии аҳолӣ аз 1 май то 1 сентябри соли 2020 ба шахсони воқеӣ барои пардохти андозҳо аз молу мулки ғайриманқул таътили андозӣ муқаррар мегардад. То охири соли 2020 мавқуф гузоштани баланд бардоштани тарифи хизматрасониҳо, аз ҷумла неруи барқ, об, оби полезӣ, алоқа ва хизматрасониҳои коммуналӣ ба кам шудани хароҷоти корхонаву хоҷагиҳо ва сатҳи таварруми кишвар мусоидат намуда, ба сатҳи иҷтимоии аҳолӣ таъсири мусбат мерасонад.

Самти дигари дастгирии давлатӣ тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — ин пешбинӣ намудани иловапулӣ ба музди меҳнати вазифавии кормандони соҳаи тиб, ки бевосита ба ташхис ва табобати беморони сирояти СOVID-19  машғуланд,  ба ҳисоб меравад. Барои ин гурӯҳи кормандони тиб чунин кӯмаки молиявӣ саривақтӣ ва ниҳоят арзишнок ба ҳисоб меравад.

Умуман, Ҳукумати кишвар ҳамеша таҳти роҳбарии Пешвои миллат баҳри таъмини рушди устувори соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар тадбирҳои судманд андешида истодааст.

Июнь 12, 2020 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба иҷрои супоришҳои Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ҷаласа доир шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи Қонун дар бораи сиёсати аграрӣ таҳия мегардад
Дар Панҷакент ҷаласаи Шуро оид ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид
Дар хоҷагии ҷангали ноҳияи Данғара дар 44 гектар ниҳолҳои пистаҳои хушкшуда барқарор гардид
Дар Тоҷикистон раванди ҷорӣ намудани низоми рамзгузории электронии молҳо амалӣ мегардад
Намоишгоҳи «Ихтироъкорон ва навоварони соҳаи нақлиёт» баргузор шуд
Бадахшон минтақаи дорои имконияти бузурги энергияи офтобӣ аст
Устувории иқтисоди миллӣ дар заминаи сиёсати пулию қарзӣ ва Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ. Андешаҳо дар ин маврид
ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар Тоҷикистон иқтидори энергияи бодӣ 1 926,35 МВт-ро ташкил медиҳад
Соли 2026 кишоварзони Тоҷикистон дар 26 062 гектар зироати равғандиҳанда кишт менамоянд
ПАХТАКОРӢ. Соли 2026 дар Тоҷикистон дар чанд гектар пунбадона кишт карда мешавад?
Соли 2026 дар Тоҷикистон дар беш аз 15 ҳазор гектар пиёз кишт карда мешавад