Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб ҷаласаи корӣ доир намуд

Июнь 8, 2020 18:25

ДУШАНБЕ, 08.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода  бо иштироки фаъолону сокинони шаҳри Кӯлоб ҷаласа доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ҷаласа нахуст масъалаи тақвият бахшидани корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани ин ҷашни умумимиллӣ ибрози назар карда шуд.

Ҳамчунин иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рафъи мушкилоти иҷтимоиву иқтисодии аҳолӣ, аз ҷумла қабули шаҳрвандон дар рӯзҳои муайян аз ҷониби мақомоти марбута ва ҳалли мушкилоти онҳо низ ҳатмӣ арзёбӣ гардида, масъулин дар ин самт муваззаф гардонида шуданд.

Вазъи таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ ва полезӣ низ аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки дар ин ҷаласа мавриди таҳлил қарор дода шуданд.

Дар рафти ҷаласа иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба ин вазифа таъин гардид, муаррифӣ карда шуд.

Акс аз бойгонӣ

Июнь 8, 2020 18:25

Хабарҳои дигари ин бахш

«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид