«ТОҶИКИСТОН ВА ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ». Таҳти ин унвон ҳамарӯза силсилафилми ҳуҷҷатӣ тавассути шабакаҳои телевизионии давлатӣ пахш мегардад
ДУШАНБЕ, 16.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз 6 то 27 июн тавассути тамоми шабакаҳои телевизионии давлатӣ силсилафилми «Тоҷикистон ва Истиқлолияти давлатӣ» нишон дода мешаванд.
Муовини якуми Раиси Кумитаи телевизион ва радио Субҳиддин Шамсиддинзода дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки силсилафилми «Тоҷикистон ва Истиқлолияти давлатӣ» аз филмҳо ва солномаҳо дар бораи фаъолияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иборат буда, бо истифода аз наворҳои Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Телевизиони Тоҷикистон» таҳия шудаааст. Дар ин силсилафилм тамоми паҳлуҳои фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтаанд.
Силсилафилми «Тоҷикистон ва Истиқлолияти давлатӣ» ҳамарӯза аз «Телевизини Тоҷикистон» соатҳои 12:30 ва 21:10, аз «Телевизиони Сафина» соатҳои 10:00 ва 20:40, аз «Телевизиони Ҷаҳоннамо» соатҳои 08:30 ва 19:30, аз «Телевизиони Синамо» соатҳои 14:30 ва 22:00, инчунин тавассути телевизионҳои маҳаллӣ соатҳои 07:30 ва 18:10 намоиш дода мешавад.
Филмҳо аз ин силсила таҳти номҳои «Тоҷикон», «Эмомалӣ Раҳмон – Асосгузори давлати навини тоҷикон», «Эмомалӣ Раҳмон – меъмори сулҳу ваҳдат» ва солномаҳо таҳти унвонҳои «1991 — соли эълони Истиқлол», «1992 — соли фоҷеаи миллӣ», «1993 — соли оғози сулҳсозӣ», «1994 — соли оғози бозгашт ба Ватан», «1995 — соли пешрафти сулҳсозӣ», «1996 — соли талошҳо барои сулҳу осоиш», «1997 — соли бозгашти сулҳ», «1998 — соли оғози бунёдкориҳо», «1999 — соли бузургдошти Сомониён», «2000 — соли таҳкими қонуният», «2001 — соли таҳкими истиқлолият», «2002 — соли густариши робитаҳои хориҷӣ», «2003 — соли оби тоза», «2004 — соле, ки ба қарнҳо баробар аст…», «2005 — соли фарҳанги оламгир», «2006 — соли тамаддуни ориёӣ», «2007 — соли оғози марҳилаи нав», «2008 — соли Рӯдакӣ, «2009 — соли Имоми Аъзам», «2010 — соли маориф ва фарҳанги техникӣ», «2011 — Таҷлили 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ», «2012 — 20-умин солгарди Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «2013 — соли байналмилалии ҳамкорӣ дар арсаи об (Қисми 1)», «2013 – соли байналмилалии ҳамкорӣ дар арсаи об (Қисми 2)», «2014 — соли Мавлоно Ҷомӣ», «2015 — соли идомаи тадбирҳо барои рушди устувор», «2016 — таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ (Қисми 1)», «2016 — таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ (Қисми 2)», «2017 — соли ҷавонон», «2018 – Эмомалӣ Раҳмон: пайвандгари қалбҳо (Қисми 1)», «2018 — Эмомалӣ Раҳмон: пайвандгари қалбҳо (Қисми 2)», «2019 — солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (Қисми 1)», «2019 — солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (Қисми 2)», инчунин филмҳои «Марде аз сарнавишт» (Қисми 1), «Марде аз сарнавишт» (Қисми 2) ва «Марди роҳ» манзури тамошобинон гардонида мешаванд.








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






