«ТОҶИКИСТОН ВА ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ». Таҳти ин унвон ҳамарӯза силсилафилми ҳуҷҷатӣ тавассути шабакаҳои телевизионии давлатӣ пахш мегардад

Июнь 16, 2020 17:04

 ДУШАНБЕ, 16.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида  ба ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз 6 то 27 июн тавассути тамоми шабакаҳои телевизионии давлатӣ силсилафилми «Тоҷикистон ва Истиқлолияти давлатӣ» нишон дода мешаванд.

Муовини якуми Раиси Кумитаи телевизион ва радио Субҳиддин Шамсиддинзода дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки силсилафилми «Тоҷикистон ва Истиқлолияти давлатӣ» аз филмҳо ва солномаҳо дар бораи фаъолияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иборат буда, бо истифода аз наворҳои Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Телевизиони Тоҷикистон» таҳия шудаааст. Дар ин силсилафилм тамоми паҳлуҳои фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтаанд.

Силсилафилми «Тоҷикистон ва Истиқлолияти давлатӣ» ҳамарӯза аз «Телевизини Тоҷикистон» соатҳои 12:30 ва 21:10,  аз «Телевизиони Сафина» соатҳои 10:00 ва 20:40, аз «Телевизиони Ҷаҳоннамо» соатҳои 08:30 ва 19:30, аз «Телевизиони Синамо» соатҳои 14:30 ва 22:00, инчунин тавассути телевизионҳои маҳаллӣ соатҳои 07:30 ва 18:10  намоиш  дода мешавад.  

Филмҳо аз ин силсила таҳти номҳои «Тоҷикон», «Эмомалӣ Раҳмон – Асосгузори давлати навини тоҷикон», «Эмомалӣ Раҳмон – меъмори сулҳу ваҳдат» ва солномаҳо таҳти унвонҳои «1991 — соли эълони Истиқлол», «1992 — соли фоҷеаи миллӣ», «1993 — соли оғози сулҳсозӣ», «1994 — соли оғози бозгашт ба Ватан», «1995 — соли пешрафти сулҳсозӣ», «1996 — соли талошҳо барои сулҳу осоиш», «1997 — соли бозгашти сулҳ», «1998 — соли оғози бунёдкориҳо», «1999 — соли бузургдошти Сомониён», «2000 — соли таҳкими қонуният», «2001 — соли таҳкими истиқлолият», «2002 — соли густариши робитаҳои хориҷӣ», «2003 — соли оби тоза», «2004 — соле, ки ба қарнҳо баробар аст…», «2005 — соли фарҳанги оламгир», «2006 — соли тамаддуни ориёӣ», «2007 — соли оғози марҳилаи нав», «2008 — соли Рӯдакӣ, «2009 — соли Имоми Аъзам», «2010 — соли маориф ва фарҳанги техникӣ», «2011 — Таҷлили 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ», «2012 — 20-умин солгарди Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «2013 — соли байналмилалии ҳамкорӣ дар арсаи об (Қисми 1)», «2013 –  соли байналмилалии ҳамкорӣ дар арсаи об (Қисми 2)», «2014 — соли Мавлоно Ҷомӣ»,  «2015 — соли идомаи тадбирҳо барои рушди устувор», «2016 — таҷлили 25-умин  солгарди Истиқлолияти давлатӣ (Қисми 1)», «2016 — таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ (Қисми 2)», «2017 — соли ҷавонон», «2018 – Эмомалӣ Раҳмон: пайвандгари қалбҳо (Қисми 1)», «2018 — Эмомалӣ Раҳмон: пайвандгари қалбҳо (Қисми 2)», «2019 — солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (Қисми 1)», «2019 — солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (Қисми 2)», инчунин филмҳои  «Марде аз сарнавишт» (Қисми 1), «Марде аз сарнавишт» (Қисми 2) ва «Марди роҳ» манзури тамошобинон гардонида мешаванд.

Июнь 16, 2020 17:04

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»