175 оила дар Муъминобод бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд

Июль 13, 2020 09:21

ДУШАНБЕ, 13.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи барномаҳои давлатӣ ва амалишавии  барномаи «Даҳсолаи об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2020» 175 оила дар кӯчаи Алӣ Раҳимови ҷамоати шаҳраки Муъминобод бо оби нӯшокӣ таъмин гардиданд. Дар ин бора мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи мазкур Бахтовари Диловар ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.

Кӯчаи мазкур аз ҳисоби заминҳои ғайрикишоварзӣ бунёд гардида, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод бо роҳандозӣ намудани тадбирҳои зарурӣ зиндагии шоистаи мардумро дар ин маҳаллаи навбунёд таъмин менамояд.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл ба кӯчаи навтаъсиси Ваҳдати ҷамоати шаҳраки Муъминобод низ, ки зиёда аз 250 хонаи истиқоматӣ дорад, бо дарозии 1000 м бо қубури қутраш 76 мм хати оби нӯшокӣ кашида шуд.

Июль 13, 2020 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст