Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ дар 6 моҳ беш аз 100 миллион сомониро ташкил дод

Июль 30, 2020 16:26

РӮДАКӢ, 30.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ноҳияи Рӯдакӣ дар 6 моҳи сипаригардида 101 миллиону 784,9 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  бо нархҳои муқоисавӣ  40,4 фоиз зиёд мебошад. Дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти  саноатӣ  истихроҷи  маъдан  2,9 фоиз,  саноати коркард 64,5,  тақсими қувваи барқ, газ ва об 32,6 фоизро ташкил медиҳад. Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Рӯдакӣ Рустам Акрамзода баён кард.

Ба муносибати ҷашни миллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ корҳои созандагию бунёдии зиёде анҷом дода шуданд. Аз 414 иншооти ба нақша гирифташуда ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ  262 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Рустам Акрамзода гуфт, ки аз  262 иншоот 42 иншоот бо 5 ҳазор  ҷойи нави нишаст дар соҳаи маориф, 23 иншооти соҳаи тандурустӣ, 16 адад  иншооти варзишӣ,  38 адад сартарошхонаҳо, 4 адад кошонаи ҳусн, 13 адад хатти оби нӯшокӣ, 52 адад марказҳои савдо, 2 адад коргоҳи дӯзандагӣ, 11 ҳолати таъмиру мумфаршкунии роҳҳо, 6 адад биноҳои баландошёна, 2 фермаи парвариши мол ва паранда,  11 адад коргоҳҳои истеҳсолӣ, 3 адад марказҳои забономӯзӣ, 1 адад растаи ҳунармандон ва 19 адад иншооти гуногуни хизматрасонӣ  ба истифода дода шудаанд.

Июль 30, 2020 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд