ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Вахш Коллеҷи тиббӣ ва Беморхонаи клиникии «Ибни Сино» ба истифода дода мешаванд
ДУШАНБЕ, 22.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш Майдони парчам, бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Маркази хизматрасонии тиббӣ, Маҷмааи фарҳангии «Офтобак», Коллеҷи тиббӣ, Беморхонаи клиникии «Ибни Сино» ба истифода дода мешаванд. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни сафари корӣ ва шиносоӣ бо ҷараёни сохтмони иншооти мазкур аз гармхонаҳои гулпарварии ноҳия дидан намуда, ба фаъолияти хубашон баҳои баланд дод. Бунёди мағозаи гулфурӯшӣ низ иқдоми бамаврид арзёбӣ гардид.
Қурбон Ҳакимзода аз маркази савдои навсохти «Баҳор» дар маркази ноҳия дидан намуда, ба масъулин супориш дод, ки дар ороиши толор аз нақшу нигори миллию таърихӣ ва гулдӯзиҳо истифода кунанд.
Зимни боздид аз сохтмони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14 ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки таълимгоҳ аз тарафи Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон барои 480 хонанда дар ду баст сохта шуда, аз 10 синфхона иборат аст. Ҳамзамон дар ҳамин мактаб аз тарафи соҳибкорон ва волидайн 6 синфхонаи иловагӣ сохта шуда истодааст.
Бояд тазаккур дод, ки саҳми ноҳияҳои водии Вахш дар самти рушди истеҳсолоти саноативу кишоварзӣ, махсусан, коркарди маҳсулот, баланд бардоштани ҳосилнокии замин, рушди сайёҳӣ ва дигар намудҳои хизматрасонӣ назаррас аст.
Ҳамчунин бо дарназардошти мавҷудияти гузаргоҳи байналмилалӣ ва бозори наздисарҳадӣ дар ноҳияи Ҷайҳун мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ноҳияи Ҷайҳун, ҳамаи ноҳияҳои водии Вахш ва дигар мақомоти дахлдори давлатиро зарур аст, ки дар самти ташкили иншооти сайёҳӣ, махсусан бунёди меҳмонхонаҳо ва ҳамзамон бо ин, таъсиси инфрасохтори ҳамлу нақл ва дигар иншооти ба рушди сайёҳӣ ва хизматрасонӣ мусоидаткунанда тадбирҳои мушаххас андешанд.
То имрӯз дар ҳудуди ноҳия 10 корхонаи саноатӣ дар самтҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмон, хӯрокворӣ, дӯзандагӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ фаъолият менамоянд.










Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд






