Академияи идоракунии давлатӣ дар доираи барномаи «Еrasmus+» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор менамояд

Июль 30, 2020 12:30

ДУШАНБЕ, 30.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар назар аст, ки моҳи сентябри имсол дар доираи барномаи байналмилалии «Еrasmus+» марҳилаи якуми конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Татбиқи моделҳои хизматрасонӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд» тариқи онлайн сурат гирад. Дар ин бора  имрӯз  ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Номбурда афзуд, ки марҳилаи дуюми конференсияи мазкур соли 2021 баргузор карда шуда, дар он як зумра масъалаҳо, аз ҷумла заминаҳои ҳуқуқии кор бо шахсони имконияташон маҳдуд, муқаррароти Конвенсияи СММ «Дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон», моделҳои муосири кор бо шахсони имконияташон маҳдуд, робитаҳои байналмилалӣ дар самти кор бо шахсони имконияташон маҳдуд, нақши ҳокимияти маҳаллӣ дар самти кор бо шахсони имконияташон маҳдуд, таҷрибаи ҷаҳонӣ дар самти кор бо шахсони имконияташон маҳдуд ва фарогирии шахсони имконияташон маҳдуд дар низоми хизмати давлатӣ мавриди муҳокима қарор мегиранд.

Ректор афзуд, ки 22-23 майи соли 2020 Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017- 2020» ва лоиҳаи «Рушди хизматрасонӣ ба ашхоси имконияташон маҳдуд» (DECIDE) дар доираи барномаи байналмилалии «Еrasmus+» баргузор намудани конференсияи илмӣ-амалиро дар мавзӯи «Татбиқи моделҳои хизматрасонӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд» ба нақша гирифта буд. Аммо, мутаассифона, бо сабаби пандемияи COVID-19 ин конфронси илмии сатҳи байналмилалӣ мавқуф гузошта шуд. Инак марҳилаи аввали он моҳи сентябри соли 2020 тариқи онлайн ва марҳилаи дуюми конференсияи мазкур соли 2021 баргузор мегарданд.

Дар мавриди  ҳамкории байналмилалӣ Абдухалил Ғафурзода  зикр кард,  ки Академия бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ ва созмонҳои дигари байналмилалӣ ҳамкории судманд дорад.

Ҳамзамон Академия тамдид додани Созишномаи ҳамкорӣ бо Бонки Осиёгии Рушд, Барномаи рушди СММ, Намояндагии минтақавии Созмони Милали Муттаҳидро барои ҷорӣ намудани мақсадҳои устувори рушди СММ то соли 2030 мавриди корбарӣ гирифтааст.

Академия ҷиҳати бастани созишномаҳои нави ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Туркманистон гуфтушунид доир намуда истодааст.

Аз соли 2009 инҷониб Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бунёди Ҳаннс Зайдели Ҷумҳурии Федералии Германия ҳамкории судманди дуҷониба дорад. Бунёди Ҳаннс Зайдел дар якҷоягӣ бо Академия тибқи барномаи таълимии магистрӣ аз рӯйи ихтисоси “Идораи давлатӣ” ба тайёркунии касбии хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул мебошад.

Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти робитаҳои байналмилалӣ минбаъд низ барои густариш додани ҳамкории судманд ва созанда бо дигар шарикони дохилию байналмилалӣ бештар кӯшиш менамояд.

Июль 30, 2020 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе конференсияи байналмилалии «Густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» идома меёбад
Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид