«АЗ ДАЪВОИ ҚУДРАТ ТО ХИЁНАТ БА МИЛЛАТ. ИФШОИ СИМОИ АСЛИИ ТЭТ ҲНИ». Таҳти ин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид

Июль 16, 2020 14:53

ДУШАНБЕ, 16.07.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз  дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Мусоидат ва эътимод» конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Аз даъвои қудрат то хиёнат ба миллат. Ифшои симои аслии ТЭТ ҲНИ» баргузор гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ба зикри манбаъ, дар кори конфронси мазкур, ки дар ҳошияи филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» гузаронида шуд, олимону донишмандон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ходимони дин иштирок намуданд.

Дар оғози кори конфронс Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода роҷеъ ба фаъолияти ифротгароёнаи гурӯҳу равияҳои динӣ, сӯистифодаи онҳо  аз арзишҳои диниву мазҳабӣ  ибрози андеша намуда, зикр кард, ки дар замони нооромиҳои сиёсӣ саркардагони ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломӣ барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ худро ба ном «ҳомии дин» нишон дода, дар асл мардуми авомро ба доми макру фиреби худ афканданӣ буданд.

Мавсуф дар шароити кунунӣ ҳифзи фазои маҳзабиро қарзи инсонӣ ва имонӣ хонда, аз иштирокдорони конфронс, махсусан ходимони дин даъват намуд, ки нагузоранд, то ҷараёнҳои манфиатҷӯе назири ТЭТ ҲНИ бо эҳсоси динии мардум бозӣ карда, динро ҳамчун василаи сиёсӣ истифода намоянд.

Дар ҷараёни конфронс иштирокдорон бо пешниҳоди маърӯзаҳо дар мавзӯҳои «Тарғиби ғояи инқилоби исломӣ ба хотири расидан ба қудрати сиёсӣ аз ҷониби ТЭТ ҲНИ», «Таърихи нангин ва хиёнаткоронаи ТЭТ ҲНИ, «Таблиғи мазҳаби бегона ва кӯшиши табаддулоти давлатӣ», «Нақши ТТЭ собиқ ҲНИ дар нооромии сиёсӣ дар Тоҷикистон, музокироти тоҷикон ва давраи баъд аз низоъ» ва ғайра фаъолияти хоинона ва ифтротгароёнаи ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломиро қотеона маҳкум намуданд.

Инчунин аз ташкилотҳои ҷамъиятӣ, раисони маҳаллаҳо, фаъолони ҷомеа ва дар маҷмӯъ, аз ҳамаи ҳамватанон даъват шуд, ки кирдорҳои ҷиноятӣ ва амалҳои хиёнаткоронаи саркардагони ТЭТ ҲНИ роҷеъ ба бадном гардонидани дини мубини ислом, ки дар гузоришҳои коршиносон баён шуданд, мавриди омӯзиши ҷиддӣ қарор дода, барои ҳифзи арзишҳои мазҳабӣ ва роҳ надодан ба сӯистифодаи ин арзишҳо ташаббус нишон диҳанд.

Ҳамчунин дар муроҷиатнома аз аҳли зиё, олимону донишмандон даъват гардид, ки бо мақсади ҳифзи манфиатҳои миллӣ, аз байн бурдани тафриқа ва дигар ақидаҳои тундгароёнае, ки аз тарафи намояндагони ТЭТ ҲНИ дар шабакаҳои интернетӣ интишор мешаванд, вокуниши саривақтӣ нишон диҳанд.

Июль 16, 2020 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд
Дар шаҳри Норак нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид