Бадахшон: Дар соли таҳсили 2020-2021 барои хонандагони мактабҳои вилоят 152 квотаи президентӣ ҷудо гардидааст
![](https://khovar.tj/wp-content/uploads/2020/07/Badahshon.jpg)
ДУШАНБЕ, 22.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар соли таҳсили 2020-2021 тибқи нақшаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 152 адад квотаи президентӣ ҷудо гардидааст. Аз ин теъдод барои ноҳияи Дарвоз 18 адад, Ванҷ — 23 адад, Рӯшон — 23 адад, Шуғнон — 17 адад, Роштқалъа — 21 адад, Ишкошим — 26 адад ва барои ноҳияи Мурғоб 25 адад пешбинӣ гардидааст. Дар ин бора аз бахши таҳлилӣ — иттилоотии дастгоҳи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи роҳбарони идораву муассисаҳо вазифадор гардидаанд, ки аз ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳа дар назди намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳисобот диҳанд. Дар асоси ин амр нақшаи чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оид ба нишастҳои матбуотӣ аз тарафи раиси вилоят тасдиқ гардид. Тибқи нақшаи мазкур, роҳбарони Раёсати маорифи вилоят, намояндагии Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони соҳаи маорифи вилоят, Донишгоҳи давлатии Хоруғ, Пажӯҳишгоҳи улуми инсонии Академияи улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ва шуъбаи фарҳанги вилоят ба намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба фаъолияти шашмоҳаи худ ҳисобот пешниҳод намуданд.
Моҳи июни имсол даври ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардида, 140 нафар хатмкунанда соҳиби квотаи президентӣ гардиданд. Инчунин 40 адад квотаи президентии иловагӣ барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ ва 10 адад квотаи иловагӣ ба ноҳияи Роштқалъа ҷудо гардидааст.
Яке аз самтҳои сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ мебошад. Теъдоди кӯдакистонҳо дар маҷмӯъ 26 адад бо фарогирии 2110 тарбиятгиранда ва шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдак 283 адад (нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 теъдоди 16 марказ ва 275 тарбиягиранда зиёдтар), ки 6465 тарбиятгирандаро дар бар мегирад, ташкил медиҳад. Ин 41,2 фоизи фарогирии кӯдакони синни томактабиро дар вилоят дар бар мегирад.
Айни ҳол дар ВМКБ 312 адад муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мавҷуд мебошанд, ки аз онҳо 65 адад муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ, 42 адад муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ва 205 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд, ки дар онҳо 38123 нафар хонанда таҳсил намуда, ба онҳо 5649 нафар омӯзгор дарс медиҳанд.
Бояд гуфт, ки 26 нафар хонандагон гирандаи стипедияи президентӣ ва 10 нафар хонанда гирандаи стипедияи раиси вилоят мебошанд.
Ҳисоботи пешниҳодгардидаи шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти сатҳу сифати дониши 2854 нафар хонандагони мактабҳои миёнаи вилоят дар шашмоҳаи аввали соли 2020 нишон дод, ки сатҳи дониш 48,1% ва азхудкунӣ 91%-ро ташкил медиҳад.
Дар семоҳаи имсол аз тарафи шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо 24 муассисаи таълимӣ аз аттестатсия ва 9 муассисаи таълимӣ аз аккредитатсияи давлатӣ гузаронида шуда, барои фаъолияти минбаъдаи онҳо иҷозатнома ва шаҳодатномаи аккредитатсияи давлатӣ дода шуд.
Тибқи ҳисоботи Маркази миллии тестии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли таҳсили 2019-2020 аз теъдоди 2701 нафар хатмкунандагони соли ҷорӣ 2275 нафар аз қайди Маркази миллии тестӣ гузаштаанд, ки ин дар маҷмӯъ 84,2 фоизро ташкил медиҳад. Инчунин хатмкардагони солҳои пешин 585 нафар ба қайд гирифта шудаанд, ки дар маҷмӯъ 105,8 фоизро дар бар мегирад.