БАРАКАТИ ЗАМИН. Туфайли он ба деҳқони асил, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов шарафи бузург насиб гардид – Пешвои миллат ба хонаи ӯ ташриф оварданд

Июль 17, 2020 15:12

ДУШАНБЕ, 17.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки меҳнати содиқонаи сокинони мамлакат дар самти истифодаи мақсадноки қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ  на танҳо  фаровонии маҳсулоти кишоварзиро  дар бозорҳои ҷумҳурӣ  таъмин менамояд, балки барои баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии онҳо мусоидат менамояд.  Далели ин гуфтаҳо фаъолияти намунавии деҳқони асил,  сокини  деҳаи «Заркор»-и Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов Ғулом Тӯрабоев мебошад. Заҳмати шабонарӯзӣ ва истифодаи оқилонаи ҳар қитъа замини наздиҳавлигӣ эҳтиёҷоти ин оиларо бо маҳсулоти кишоварзӣ ва гӯшту шир таъмин намуда, аз баракати заминдорӣ рӯзгори хуш доранд. Онҳо  оилавӣ дар замин меҳнат мекунанд.            

Дар урфият мегӯянд, ки «Ҳунарманд ҳар куҷо бувад  сарфароз». Ҳамин ҳунармандӣ ва самараи меҳнати ҳалол буд, ки ба ин хонавода шарафи бузур насиб гардид. 2 июли соли равон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо рафти парваришу истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар қитъаи замини наздиҳавлигии Ғулом Тӯрабоев шинос шуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои самараноку оқилона истифода бурдани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба аҳли оилаи Ғулом Тӯрабоев лавозимоти рӯзгор, аз қабили яхдон, телевизор ва дигар туҳфаҳои арзишманд тақдим намуданд.

Ғулом Тӯрабоев 0,18 гектар замин дорад. Дар масоҳати 0,09 гектари он  гармхона ташкил намуда, дар 0,03 гектар лимӯ, 0,03 гектар помидор ва 0,03 гектари дигар бодиринг кишт намудааст. Қитъаҳои дигари замини наздиҳавлигӣ аз ҷониби ин оила самаранок истифода гардида, ҳамеша ҳосили фаровон ба даст меоранд. Ташкили гармхона ва аз як қитъа замини наздиҳавлигӣ гирифтани се-чор ҳосил шаҳодати истифодаи мақсадноки замин аз ҷониби  ин деҳқони асил  мебошад. Ҳамчунин ин деҳқони соҳибтаҷриба бо мақсади истифодаи самараноки замини наздиҳавлигӣ дар байни қаторҳои ниҳолҳои лимӯ, ки дар гармхона парвариш карда мешаванд, маҳсулоти лубиёгӣ кишт карда, ҳосили зиёд ба даст меорад.

Оилаи  Тӯрабоев  дар чорводорӣ низ муваффақияти зиёд дорад. Онҳо 13 сар чорвои хушзот парвариш менамоянд ва аз ин ҳисоб манфиати зиёд мебинанд.

ДАР АКС: Шиносоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифодаи мақсадноки замини наздиҳавлигӣ дар деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов, 2 июли соли 2020

Аснои шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҷрибаи ин деҳқони асил дар истифодаи замин баҳои баланд дода, бори дигар аз муҳимияти захираи маҳсулоти ғизоӣ барои ду сол, саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва таъмини рушди соҳаи кишоварзии мамлакат дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.

Ҳамчунин дар ҳамин ҷо Ғулом Тӯрабоев ба хотири муарифии натиҷаи самараи ба дастовардаи аҳли оилааш намоишгоҳ ташкил намуда, дар он номгӯи зиёди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла помидор, бодиринг, қаланфури булғорӣ, зардолу ва олуча ба маъраз гузоштанд.

Рӯзгор ва таҷрибаи  деҳқони заҳматкаш Ғулом Тӯрабоев ва аҳли оилаи ӯ барои дигар кишоварзони мамлакат намунаи ибрат аст.

 

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Июль 17, 2020 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Қаҳрамонони сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошанд»
10 АМАЛИ ЗАМИНАСОЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТ. Ба истиқболи 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФОЛАТИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Мулоҳизаҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин оғози парвозҳои мустақими мусофирбарӣ байни Душанбе ва Пекинро рӯйдоди муҳим номиданд
Ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад
Каролин Глейч: «Тоҷикистон сарзамине бо табиати нотакрор аст ва мебояд, ин зебоиро ба тамоми ҷаҳон нишон дод!»
Кирти Вардхан Сингҳ: «Ҳифзи пиряхҳо ҳамбастагӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва фаҳмиши муштараки илмиро талаб мекунад»
Кэтрин Рассел, директори иҷроияи ЮНИСЕФ: «Мо мехоҳем, ки садои кӯдакон ва ҷавонон дар сиёсати иқлимӣ шунида шавад»
Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»
Қоҳир Расулзода Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро натиҷагирӣ намуд
Шамс Аббосӣ: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пешбурди донишҳои экологӣ қадамҳои бузург мегузоранд»
Султон Ҷамшед: «ВАО-и Тоҷикистон дар инъикоси кори конфронси сатҳи баланд муваффақ буд»