Барно Саидвализода: «Шахсоне, ки аз пардохти маблағ барои таъминоти фарзандони ноболиғашон саркашӣ мекунанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд»
ДУШАНБЕ, 17.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон дар шаш моҳи соли равон нисбат ба шахсоне, ки аз пардохти маблағ барои таъминоти фарзандони ноболиғашон саркашӣ намудаанд, зиёда аз 250 пешниҳод оид ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани онҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ирсол кард. Дар ин давра ҷиҳати ситонидани алимент 5 503 ҳуҷҷати иҷро барои иҷрои маҷбурӣ ба Хадамот ворид гардидааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 408 санади иҷро камтар мебошад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода дар ҳузури намояндагони ВАО изҳор дошт.
Дар нишаст таъкид гардид, ки яке аз масъалаҳои мубрами рӯз ва Хадамоти иҷро ин ситонидани алимент маҳсуб мешавад. Аз соли сипаришуда то ба имрӯз зиёда аз 69 ҳазор санадҳои иҷро вобаста ба ситонидани алимент дар баррасии иҷрочиёни Хадамот қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Тоҷикистон ниҳоди навтаъсис дар мамлакати мебошад, ки сохтори кории судиҷрочиён ба тобеияти он гузаштааст. Тобеияти судиҷрочиён ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2018 расман хотима ёфт.








Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд






