Бо муътадил шудани вазъи эпидемиологӣ парвозҳои мустақими ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Россия роҳандозӣ мегарданд
ДУШАНБЕ, 27.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо муътадил гардидани вазъи эпидемиологӣ, ки бар асари зуҳури бемории сироятии COVID-19 дар саросари ҷаҳон пандемия эълон гардид, парвозҳои мустақими ҳавоӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, ки аз моҳи марти соли равон муваққатан қатъ гардида буданд, аз нав роҳандозӣ хоҳанд гашт.
Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Агентии авиатсияи гражданӣ ва ниҳодҳои авиатсионии мамлакат дар шашмоҳаи аввали соли равон дар Душанбе дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки санаи ба роҳ мондани парвозҳои мустақими ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Россия ҳоло маълум нест ва он аз ҷониби мақомоти авиатсионии Россия мушаххас мегардад. Мавсуф афзуд, ки баъди муваққатан қатъ гардидани парвозҳои мустақим дар масири Душанбе –Дубай 21 июл парвозҳо дар ин самт ба роҳ монда шуданд.
Икром Субҳонзода зикр кард, ки дар ин давра аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ- «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» дар масири ҳавоии байналмилалӣ, маҳаллӣ ва чартерӣ парвозҳо ба роҳ монда шуда, тавассути он 178 ҳазор нафар мусофирон интиқол дода шуданд. Инчунин чор фурудгоҳи байналмилалии мамлакат-фурудгоҳҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар ба 494,1 ҳазор мусофир хизмат расонидаанд, ки беш аз 313 ҳазор мусофири он ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, 145,4 ҳазор ба Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд, 25,7 ҳазор мусофир ба Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб ва 9,8 ҳазор мусофир ба Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар рост меояд.
Бо дахли даромади ниҳодҳои авиатсионии мамлакат дар давраи пандемияи сирояти COVID-19 Икром Субҳонзода зикр кард, ки дар ин давра Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе беш аз 114 миллион сомонӣ, Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд 38,4 миллион сомонӣ, Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб 10,4 ва Бохтар қариб 2 миллион сомонӣ фоида ба даст оварданд.
Инчунин даромади Корхонаи воҳиди давлатии Тоҷикаэронавигатсия» 27 миллион сомонӣ, «Тоҷик Эйр» 70,5 ва «Сомон Эйр» 257,7 миллион сомониро ташкил дод.








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






