Чеварони корхонаи «Нассоҷи Хуҷанд» барои мактаббачагони Беларус либос медӯзанд
ДУШАНБЕ, 23.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд» фармоиши ширкати «Бил Бим Бом»-и Ҷумҳурии Беларусро дар ҳаҷми 68 000 доллари ИМА доир ба дӯхтани либоси мактабӣ барои хонандагони мактабҳои ин кишвар ба анҷом расонид. Корхона боз дар ҳаҷми 100 ҳазор доллари амрикоӣ аз ширкати мазкур фармоиш гирифт. Дӯзандагони корхона ҳамарӯза 300 адад либос барои мактаббачагони Беларус медӯзанд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Тибқи иттилои масъулин, роҳбарияти корхона бо роҳандозии 3 хатти нави истеҳсолӣ ва насби 70 таҷҳизоти муосир шумораи коргаронро боз то 100 нафари дигар бештар хоҳад намуд.
«Дар корхонаи «Нассоҷи Хуҷанд» дӯхти либосҳои соҳавӣ ва мактабӣ васеъ ба роҳ монда шуда, ҳамзамон бо назардошти вазъи сироятёбии сокинони кишварҳои дохиливу хориҷи дуру наздик ба коронавируси COVID-19 ва бо мақсади таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолии мамлакат истеҳсоли ниқоб ва корҷомаҳои тиббӣ роҳандозӣ гардидааст»,- афзуд манбаъ.
ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд», ки ба истеҳсоли матоъҳои хушсифати пахтагин машғул аст, айни замон истеҳсоли 3 намуд ниқобҳои тиббиро бо истифода аз дока ва хомсуф ба роҳ мондааст. Корхона дорои иқтидори бузург буда, метавонад миллионҳо дона ниқоби тиббиро истеҳсол ва вориди фурӯшгоҳҳо созад.
Хотиррасон мешавем, ки раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни як боздид бо фаъолияти ҶДММ “Нассоҷи Хуҷанд” шинос шуда, дастур дод, ки баҳри босифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ ва ворид намудани дастгоҳи истеҳсолии муосир ба корхона тадбирҳои таъҷилӣ андешида шаванд.
Раиси шаҳр ба роҳбарияти корхона дастур дод, ки дар баробари истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ ва корҷомаҳои тиббии муҳофизатӣ ҳамзамон дар самти ба роҳ мондани сару либоси мактабӣ ва шиму костюми мардона тадбирҳои мушаххас андешанд.
«Барои истеҳсоли ин навъи маҳсулот дар корхона ашёи хом мавҷуд буда, талаботи бозори дохилӣ ба он бештар аст. Барои содироти ин навъи маҳсулот низ тадбирҳо андешида шавад»,-афзуд номбурда.
Ёдовар мешавем, ки ҶДММ “Нассоҷи Хуҷанд” яке аз корхонаҳои калонтарини саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, бозори дохилиро бо либосҳои баландсифати ватанӣ таъмин намуда, бо давлатҳои хориҷӣ шартномаҳои дуҷонибаи дарозмуддат дорад ва маҳсулоти худро ба давлатҳои Туркия, Беларус ва Федератсияи Русия содир менамояд.








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






