COVID-19. Дар Тоҷикистон шумораи гирифторони коронавируси нав ба 6058 нафар расид

Июль 2, 2020 18:45

ДУШАНБЕ, 02.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 53 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи онҳо дар муддати аз 30 апрел то 2 июл ба 6058 нафар расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар мамлакат 4690 (77,4%) нафар аз COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 52 нафар фавтидаанд.

«Шабонарӯзи охир 238 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 63 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд», — илова намуд манбаъ.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

Июль 2, 2020 18:45

Хабарҳои дигари ин бахш

26 СЕНТЯБР-РӮЗИ МАҶЛИСИ ОЛӢ. 24 Паёми Президенти Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба ин мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор ироа гардидаанд
Имрӯз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ МАМНУЪГОҲИ «БЕШАИ ПАЛАНГОН». Дар Осиёи Марказӣ нахустин шуда, маҳз дар Тоҷикистон мамнуъгоҳҳо ва парваришгоҳҳо ташкил шуданд
Ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани «Бешаи палангон» бозгӯи баланд гардидани мавқеи Тоҷикистон дар раддабандиҳои байналмилалӣ аст
МАЗРААИ ИФТИХОР: «Ҷангали туғайи мамнуъгоҳи Бешаи палангон» ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд
Таъкидҳои муҳим аз суханронии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба хотири таъмини сулҳ, амният, пешрафт ва тараққиёти байналмилалӣ
Абдухалил Ғафурзода: «Суханронии Президенти Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии СММ дастурамали мукаммал баҳри баҳамоӣ, ҳамгироӣ ва ҳамзистии кулли башарият аст»
Субҳиддин Шамсиддинзода: ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ИФТИХОРИ МИЛЛАТ
ЧЕҲРАЕ МУНАВВАР ДАР САМОИ СИЁСАТИ ДАВРОН. Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳким ва густариши ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷӣ бо номи Президенти мамлакат алоқаманд аст
Сарвари давлат: «Тоҷикистон барои истифодаи имкониятҳои логистикии худ, аз ҷумла шаш пул дар сарҳад, ҷиҳати идомаи расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон шароити заруриро фароҳам овардааст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Обшавии босуръати пиряхҳо пажӯҳиш, ҷамъоварию коркарди маълумот ва ҳамкории амиқи байналмилалиро тақозо менамояд»
ХУШХАБАР! «Ҷангали туғайи мамнуъгоҳи Бешаи палангон» ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид