COVID-19. Дар Тоҷикистон давоми шабонарӯзи гузашта 1 ҳолати фавт ба қайд гирифта шуд

Июль 5, 2020 20:00

ДУШАНБЕ, 05.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 54 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ва 1 мавриди фавт бар асари он ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, дар муддати аз 30 апрел то 5 июл дар кишвар шумораи гирифторони COVID-19 ба 6213 нафар расида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 4858 (78,1%) нафар шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, дар муддати зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 53 нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҳамчунин хабар медиҳад, ки давоми шабонарӯзи охир 225 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 49 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

 

АКС аз бойгонӣ

Июль 5, 2020 20:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Кэтрин Рассел, директори иҷроияи ЮНИСЕФ: «Мо мехоҳем, ки садои кӯдакон ва ҷавонон дар сиёсати иқлимӣ шунида шавад»
Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»
Қоҳир Расулзода Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро натиҷагирӣ намуд
Шамс Аббосӣ: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пешбурди донишҳои экологӣ қадамҳои бузург мегузоранд»
Султон Ҷамшед: «ВАО-и Тоҷикистон дар инъикоси кори конфронси сатҳи баланд муваффақ буд»
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар Душанбе масоили кунунии мониторинги пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд
Кристин Мишел: «Дар масъалаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо давлатҳои ҷаҳон бояд муттаҳид бошанд»
Лидия Брито: «ЮНЕСКО Эъломияи Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳоро дастгирӣ намуда, ҳамеша дар паҳлуи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор мегирад»
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар рӯзи дуюм аз рӯйи шаш мавзуъ ҳамоишҳои канорӣ доир мегарданд
ДУШАНБЕ-МАРКАЗИ ҚАБУЛИ ҚАРОРҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо
Дар Душанбе хатари офатҳои табиии марбут ба пиряхҳоро баррасӣ намуданд
Дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо масоили об ва иқлим баррасӣ гардид