COVID-19. Раҷаббой Аҳмадзода аз беморхонаи сироятӣ ва беморхонаи клиникии вилоятӣ дидан намуд
ДУШАНБЕ, 31.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. 30 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Беморхонаи сироятии вилоят ташриф оварда, бо кормандони соҳаи тиб мулоқот анҷом дод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилоят хабар доданд.
Раҷаббой Аҳмадзода аз меҳнати шоистаи табибон ҷиҳати табобати беморони ба коронавирус гирифторшуда изҳори сипос карда, зикр намуд, ки хизматҳои онҳо аз ҷониби Давлату Ҳукумат қадр карда мешавад.
Аҳмадзода мутазаккир шуд, ки бо назардошти мавҷуд будани эҳтимоли хуруҷи дуюми коронавирус, ки алакай дар кишварҳои ҳамсоя ба қайд гирифта шудааст,табибони моро мебояд аз таҷрибаи кории худ хулосаҳои заруриро бароварда, барои пешгирии он ҳамаҷониба омодагӣ бинанд. Ба масъулини Раёсати тандурустӣ дастур дода шуд, ки маводи доруворӣ, либосҳои махсуси муҳофизатӣ ва лавозимоти тиббиро захира намоянд.
Дар ин рӯз ба табибон маводи ғизоӣ ва маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ба сифати кумак дастрас карда шуд.
Ҳамчунин Раиси вилоят аз Беморхонаи клиникии вилояти Суғд ба номи С. Қутфиддинов боздид кард. Дар ин ҷо барои табобати мубталоёни бемории КОВИД-19 шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, саҳми табибони ин муассисаи тиббӣ дар муолиҷаи беморон ва пешгирии интиқоли бемории сироятӣ назаррас аст. То ҳол ин беморхона махсус барои табобати гирифторони КОВИД-19 фаъолият дошта, таҷриба ва тарзи муолиҷаву корбарии табибони он дар давраи пандемия аз ҷониби мутахассисони Созмони умумҷаҳонии тандурустӣ баҳои баланд гирифтааст.
Раиси вилоят барои фаъолияти шоёни кормандони соҳаи тиб миннатдории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро баён дошта, таъкид намуд, ки мардум ба нерӯи зеҳнӣ ва таҷрибаи табибон боварии калон дорад.








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






