COVID-19. Раҷаббой Аҳмадзода аз беморхонаи сироятӣ ва беморхонаи клиникии вилоятӣ дидан намуд

Июль 31, 2020 11:50

ДУШАНБЕ, 31.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. 30 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Беморхонаи сироятии вилоят ташриф оварда, бо кормандони соҳаи тиб мулоқот анҷом дод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилоят хабар доданд.

Раҷаббой Аҳмадзода аз меҳнати шоистаи табибон ҷиҳати табобати беморони ба коронавирус гирифторшуда изҳори сипос  карда, зикр намуд, ки хизматҳои онҳо аз ҷониби Давлату Ҳукумат қадр карда мешавад.

Аҳмадзода мутазаккир шуд, ки бо назардошти мавҷуд будани эҳтимоли хуруҷи дуюми коронавирус, ки алакай дар кишварҳои ҳамсоя ба қайд гирифта шудааст,табибони моро мебояд  аз таҷрибаи кории худ хулосаҳои заруриро бароварда, барои пешгирии он ҳамаҷониба омодагӣ бинанд. Ба масъулини Раёсати тандурустӣ дастур дода шуд, ки маводи доруворӣ, либосҳои махсуси муҳофизатӣ ва лавозимоти тиббиро захира намоянд.

Дар ин рӯз ба табибон маводи ғизоӣ ва маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ба сифати кумак дастрас  карда шуд.

Ҳамчунин Раиси вилоят аз Беморхонаи клиникии вилояти Суғд ба номи С. Қутфиддинов боздид кард. Дар  ин  ҷо барои табобати мубталоёни бемории КОВИД-19 шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, саҳми табибони ин   муассисаи тиббӣ  дар муолиҷаи беморон ва пешгирии интиқоли бемории сироятӣ назаррас аст. То ҳол ин беморхона махсус барои табобати гирифторони КОВИД-19 фаъолият дошта, таҷриба ва тарзи муолиҷаву корбарии  табибони он дар давраи пандемия аз ҷониби мутахассисони Созмони умумҷаҳонии тандурустӣ баҳои баланд гирифтааст.

Раиси вилоят барои фаъолияти шоёни кормандони соҳаи тиб миннатдории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро баён  дошта, таъкид намуд, ки мардум ба нерӯи зеҳнӣ ва таҷрибаи табибон боварии калон дорад.

Июль 31, 2020 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Мавлоно бо қудрати сухан ва нубуғи эҷодиаш ба ҷаҳониён собит сохтааст, ки тоҷикон воқеан миллати куҳанбунёд, бофарҳанг ва соҳибмаърифат мебошанд»
ҚОНУНИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ. Маблағҳои сарфашуда барои беҳдошти саломатӣ, таҳсили фарзандон ва шароити хуби хонаводаҳо равона гардид
Қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон таҳаввулоти ҷиддӣ ва инқилоби маънавию фарҳангиро ба вуҷуд овард
Дар соли раёсати Тоҷикистон Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба ҳайси нозир дар Маҷмаи Умумии СММ пазируфта шуд
ТОҶИКИСТОН — ДАВЛАТИ ТАШАББУСКОР ДАР МАСЪАЛАҲОИ ОБУ ИҚЛИМ. Ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист бахшида мешавад
ГРАН-ПРИИ ДУШАНБЕ-2023. Дар рӯзи охири мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон ду медал ба даст оварданд
ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ КӮДАКОНИ ХУШБАХТ. Эъто ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон
1 ИЮН-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН. Ин рӯзи риоя ва эҳтироми ҳуқуқи кӯдак мебошад
ТАВАҶҶУҲ! Аз пагоҳ зимни ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок маҳдудият ворид мешавад
«Buta Airways» дар масири Боку-Душанбе-Боку нахустин парвози мустақимро анҷом дод
ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН-МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ. Сафари давлатии таърихӣ бо тадбирҳои бузург дар роҳи таҳкими ҳамкории байнидавлатӣ ва минтақавӣ
Ба қабули Эъломияи муштарак байни Тоҷикистон ва Чин оид ба барқарории муносибатҳои шарикии стратегӣ 10 сол пур мешавад

Маводҳои таҳлилӣ